Худои Мутаол дар ояти панҷуми сураи Таҳрим мефармояд:
عَسَى‏ رَبُّهُ إِن طَلَّقَكُنَّ أَن يُبْدِلَهُ أَزْوَاجاً خَيْراً مِّنكُنَّ مُسْلِمَاتٍ مُّؤْمِنَاتٍ قَانِتَاتٍ تَآئِبَاتٍ عَابِدَاتٍ سَآئِحَاتٍ ثَيِّبَاتٍ وَأَبْكَاراً
Агар Паёмбар шуморо талоқ диҳад, умед аст, ки Парвардигораш ҳамсаронеро, ки дар ислом, имон, фармон‏барӣ, тавба кардан, ибодат‏, рӯза, бева ё дӯшиза будан аз шумо беҳтаранд барои ӯ ҷонишин созад.
Бидонем
«Қунут» ба маънои итоат бо фурутанӣ ва «соиҳот» аз саёҳат ба маънои аҳли ҳиҷрат ва рӯза аст.
Паёмбари Акрам( с) ҳамсарони зиёде дошт ва бархе аз онон боиси озори ҳазрат мешуданд. Нигаҳдории онҳо ба маънои ниёзи Паёмбари Акрам (с) ва муҳим будани онон нест, балки чӣ басо афроде беҳтар ва лоиқ‏тар аз онон вуҷуд дорад, ки орзуи ҳамсарии паёмбарро доранд.
Имон, тавозӯъ, тавба, ибодат ва рӯза дар як нафар ҷамъ мешавад, вале бокира ва бева будан дар як нафар ҷамъ наме‏шавад, аз ин рӯ миёни ин ду сифат ҳарфи ва омадааст.
Он чӣ муҳим аст ва арзиш дорад имон, тавозӯъ, тавба, итоат, ибодат ва рӯза аст на шакл, қабила, сармоя ва шӯҳрат.
Издивоҷ бо бева дар канори бокира омада то ба Паёмбари Аъзам (с) нисбат комёбии ҷинсӣ дода нашавад.
Биёмӯзем
1. Инсон ниёз ба ҳамсар дорад ва дар сурати талоқ ме‏тавонад ҷойгузин кунад.
2. Муқобила бо ҳамсар ва узрхоҳӣ накардан ва пушаймон нашудан, мумкин аст занро то марзи талоқ ва ҷудоӣ пеш бибарад.
3. Яке аз қави‏тарин роҳ дар баробари тавтеаи занон таҳдид ба талоқ аст.
4. Тамоми занони Паёмбари Акрам (с) беҳтарин занони асри худ набуданд.
5. Ғурури дурӯғини афродро бишканед ва дар баробари пиндорҳои ботил биистед.
6. Арзиши воқеии зан ба камолоти ӯст.
7. Ақида пеш ва бартар аз амал аст. Аввал ислому имон сипас ибодату рӯза.
8. Имону ибодати зан муҳим‏тар аз бокира ё бева будани ӯст.
9. Меъёрҳои бартарро аз Қуръони Карим биёмӯзем.
10. Худованд ҳатто дар табдили занонаш ба Паёмбар кӯмак мекунад ва беҳтаринҳоро барояш интихоб мекунад.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст