چاپ
Худои Мутаол дар ояти аввали сураи Таҳрим мефармояд:
يَآ أَيُّهَا النَّبِىُّ لِمَ تُحَرِّمُ مَآ أَحَلَّ اللَّهُ لَكَ تَبْتَغِى مَرْضَاتَ أَزْوَاجِكَ وَ اللَّهُ غَفُورٌ رَّحِيمٌ
Эй паёмбар, чаро чизеро, ки Худованд барои ту ҳалол карда, ба хотири ҷалби ризои ҳамсаронат, бар худ ҳаром мекунӣ? Дар ҳоле ки Худо омурзандаи меҳрубон аст.
Бидонем
Барои ин оят сабабҳои нозил шудани гуногуне баён шудааст, аммо ин мусаллам аст, ки Паёмбари Акрам(с) чандин ҳамсар дошт ва гоҳе гирифтори рафторҳои ҳасодат‏омези онон мешуд ва ба хотири ҷалби ризояти умумии онон, аз ҳуқуқи қонунии худ ме‏гузашт. Бино бар ин ҳамсарони Паёмбари Аъзам(с) аз назари муомила бо ҳазрат дар як ҳад набуданд ва баъзе аз онҳо борҳо боиси озору азият ва ба сахтӣ афтодани Расули Худо(с) шудаанд, ки дар ҳамин сура ва сураҳои дигар мисли Аҳзоб баён шудааст. Бо он ки ин таҳрим‏ҳо кори шахсӣ буд, аммо чун Паёмбар (с) улгуи мусулмонон аст, мумкин буд дигарон эҳсос кунанд, ки ин кор ҳукми шариат аст ва аз он пайравӣ кунанд, аз ин рӯ Худованд Паёмбарашро аз он барҳазар ме‏дорад ва дар воқеъ ба мардум мефаҳмонад, ки ин‏гуна рафторҳои Паёмбар(с) шахсӣ буда ва набояд барои дигарон меъёри амал қарор гирад.
Биёмӯзем
1.    Худо паёмбаронро тарбият ва роҳнамоӣ мекунад.
2.    Ҳатто паёмбар ҳақ надорад бе ‏далел ҳалоли Худоро бар худ ҳаром кунад. Имрӯз дида мешавад, ки баъзе ба баҳонаи танзими барномаҳо дар умури дин ва зиндагии мусулмонон кӯтоҳӣ ё зиёдаравӣ мекунанд ва бо дахолати хостаҳои нафсонӣ, шаҳвонӣ ва ҳайвонии худ ва суди зудгузар ва вобастагиҳои ба қудрату сарвату шуҳрат боиси ба сахтӣ афтодани мусулмонон мешаванд. Агар дар Ислом гуфта мешавад, ки падарону шавҳарон вазифа доранд, ки аҳли худро ба намоз амр кунанд ва дар сахтиҳои ин роҳ сабр намоянд ва онҳоро аҳли Қуръону дин ва намозу масҷид гардонанд ва бо рӯҳияи бандагии Худо ва риояти қонунҳои Худо тарбият кунанд ва занонашон сатри аврати комил дошта бошанд ва ... баъзе бо истифода аз қудрат ва зӯр ба дунболи маҳрум кардани онон аз амал ба дин ва маҳдуд кардани ҳуқуқи онон ҳастанд. Албатта ҳамеша мӯъминон ба хотири имонашон аз сӯи муҷримон ва мустакбирон дар сахтӣ ва озор будаанд, вале Худо пуштибони онҳо аст ва барои сабри ин мусибатҳо ба онҳо подоши фаровони ҷовидонӣ медиҳад ва оқибати неки дунё ва сарои абадии охират аз аҳли тақво ва имон аст.  
3.    Хушнудии Худо аз хушнудии дигарон болотар ва муҳимтар аст. Имрӯз мутаассифона барои касби ризояти мустакбирон ва шефтагони қудрату сарват баъзе бо иддаои бандагии Худо ва мусулмонӣ чунон фидокорӣ мекунанд, ки ҳозиранд ба дини Худо ва бандагони Худо зулму ҷиноят кунанд.
4.    Хоста ва ризояти зан агар берун аз аҳкоми Худо ва ҳаққи ҳамсарӣ бошад, набояд амалӣ шавад. Розӣ кардан ҳамсар ба ҳар қимат лозим нест. Дар ҳадис мехонем: Дар ҷое ки итоат аз махлуқи Худо сабаби нофармонӣ аз Худо мешавад набояд итоат кард ва мӯъмину мусулмон набояд аз ӯ итоат кунад.  
5.    Яке аз корҳое, ки инсонро гирифтор ме‏кунад, алоқа ба касби ризояти дигарон ба ҳар қимат аст. Дар ҳадис мехонем: Дӯст доштани дунё сарчашмаи ҳамаи хатоҳо аст.
6.    Сарзаниши афроди бузургвор бояд бо гузашту раҳмат бошад.
7.    Худованд гузаштаро бо раҳмат мебахшад.
زیر مجموعه: Маориф
بازدید: 899