Худои Мутаол дар ояти 11 сураи Талоқ мефармояд:
رَسُولًا يَتْلُواْ عَلَيْكُمْ آيَاتِ اللَّهِ مُبَيِّنَاتٍ لِّيُخْرِجَ الَّذِينَ آمَنُواْ وَ عَمِلُواْ الصَّالِحَاتِ مِنَ الظُّلُمَاتِ إِلَى النُّورِ وَمَن يُؤْمِن بِاللَّهِ وَ يَعْمَلْ صَالِحاً يُدْخِلْهُ جَنَّاتٍ تَجْرِى مِن تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَآ أَبَداً قَدْ أَحْسَنَ اللَّهُ لَهُ رِزْقاً
(Он ёдовар) паёмбаре аст, ки оёти равшангари Илоҳиро бар шумо тиловат мекунад то касонеро, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, аз торики‏ҳо ба сӯи нур берун оварад. Ва касоне, ки ба Худо имон оварда ва амали шоиста анҷом диҳанд, Худованд ононро ба боғ‏ҳое, ки наҳрҳо аз зери он‏ҳо ҷорӣ аст медарорад ва барои ҳамеша дар он ҷо ҷовидона ҳастанд. Дар ҳақиқат Худованд ризқи ононро некӯ сохтааст.
Бидонем
Ҳидоят ба чанд унсур вобаста аст:
1) ҳидояткунанда, «Расули Худо»
2) ҳидоятшаванда, мӯъминони шоиста
3) василаи ҳидоят, «оёти равшан ва равшангар»
4) ҳадафи ҳидоят, «берун овардани онҳо аз торикиҳо ба нур»
5) подоши ҳидоят, «ҷовидона мондан дар боғҳои пурдарахт бо оби равон ва беҳтарин ризқу рӯзӣ»
Ҳазрати Оиша (р) ҳамсари Паёмбари Аъзам (с) дар баёни авсофи Паёмбар мегӯяд: Хулқу хӯи Расули Худо якпорча Қуръон буд. «кон халқа Ќуръон» (Шарҳи Наҳҷ‏улбалоғаи Ибни Абилҳадид, ҷ.‏6, с.‏340. 32)
Биёмӯзем
1. Инсон ме‏тавонад ба ҷое бирасад, ки вуҷудаш саропо зикри Худо бошад.
2. Қонун ба танҳои кофӣ нест, вуҷуди раҳбар лозим аст.
3. Барои наҷот ва берун бурдани мардум аз зулматҳо ба нур беҳтарин роҳ баён ва расондани оёти Илоҳӣ аст.
4. Даъват бояд равшан ва шаффоф бошад. Калимаи «мубин» беш аз сад бор дар Қуръон ба кор рафтааст.
5. Роҳҳои ботили ширк ва куфр зиёд аст, вале роҳ ҳақ якест.
6. Ҳадафи анбиё(а) наҷоти башар аст.
7. Хориҷ кардан мардум аз зулумот дар асл кори Худованд аст (Бақара/257), вале ин кор аз тариқ паёмбарон(а) анҷом мешавад. (Иброҳим/1)
8. Гарчӣ ҳадафи анбиё(а) хориҷ кардани тамоми мардум аз торики‏ҳо ба нур аст, вале ин ҳадаф танҳо барои мӯъминон амалӣ ми‏шавад.
9. Инсон ҳатто баъд аз имон ва амали солеҳ дар торикиҳо ба сар ме‏барад, ки бояд аз он хориҷ шавад. Муҳим ин аст, ки то поёни роҳ собитқадам ва дар роҳи ҳидояту саодат бимонад.
10. Имон ва амали солеҳ ҳамеша бояд бо ҳам бошанд.
11. Ташвиқ ва таҳдид бояд мутаодил бошад.
12. Касоне, ки мехоҳан аз зулматҳо ба сӯи нур раванд ва наҷот ёбанд ва ба ризқи неку бирасанд бояд ба Худо имон биёранд ва амали солеҳ анҷом диҳанд ва барномаи худро бар асоси оятҳои Худо –китоби Худо- ва суннати Расули Худо (с) танзим кунанд. Танзимҳои дигар на танҳо тазмини саодат надорад, балки бероҳа буданашон ошкор аст.
13. Худои Мутаол қонун, барнома ва нақшаи роҳро бо нақшахон ва роҳнамо ба сурати ошкор ва баён фиристодааст ва роҳро аз чоҳ маълум ва ҳуҷҷатро тамом кардааст. Ин мо ҳастем, ки бояд онро бидонем ва ба он амал кунем ва дигаронро ҳам даъват намоем.
14. Саодат ва ризқи некуи ҷовидон ба шарти имон ва амали солеҳ аст.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст