Худои Мутаол дар ояти 5 сураи Талоқ мефармояд:
ذَ لِكَ أَمْرُ اللَّهِ أَنزَلَهُ إِلَيْكُمْ وَمَن يَتَّقِ اللَّهَ يُكَفِّرْ عَنْهُ سَيِّئَاتِهِ وَيُعْظِمْ لَهُ أَجْراً
Ин фармони Худованд аст, ки онро ба сӯи шумо нозил кардааст. Ва ҳар кас тақвои Худо пеша кунад Худованд бади‏ҳояшро аз байн мебарад ва ба ӯ подоши бузург мебахшад.
Биёмӯзем
1. Фармонҳои Худоро дар масоили хонаводагӣ ва зиндагӣ ҷиддӣ бигирем.
2. Тақвои Худо сабаби наҷот аз қаҳри Худо ва сабаби аз баён рафтани бадиҳо аст.
3. Гузаштаи гуноҳкорон бо тақвои Худо қобили покшудан ва ҷуброн аст.
4. Гуноҳкорон ноумед набошанд, чун бо риояти тақвои Худо чӣ басо гуноҳонашон пок шавад. «якффрънҳ‏сиъота»
5. Пок шудан аз гуноҳ муқаддимаи дарёфти аҷру подоши бузург аст.
6. Тақвои Худо ҳам гузаштаҳоро ҷуброн мекунад ва ҳам ояндаро таъмин менамояд.
7. Худо барномаи дуруст ва шоиста зиндагӣ кардан танзим карда дар ихтиёри мо қарор додааст, бино бар ин мӯъмин эҳсоси ниёз ба танзими дигарон, ки аз маслиҳат ва манфиати худ бехабар ҳастанд ниёз надорад.
8. Бояд барномаи худро аз Қуръони Карим хуб биёмӯзем ва шоиста амал кунем, то ба баракат ва саодат бирасем.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст