Худованди Мутаол аз баёни матолиби илмӣ дар Қуръон чӣ ҳадафе доштааст?

А: Зоҳири матолиби илмии Қуръон гоҳе дар робита бо шинохти оёти илоҳӣ ва таваҷҷӯҳ ба мабдаъи ҳастӣ аст, Қуръон мефармояд: дар пайдоиши осмонҳо ва Замин ва рафту омади шабу рӯз нишонаҳое барои соҳибони хирад вуҷуд дорад.[1]

Б: Гоҳе оёти илмии Қуръон нишонаи азамати он матлаб аст, яъне гӯянда ба зоҳир қасд дорад, аҳамияти як матлабро бирасонад пас онро зикр мекунад, барои мисол қасамҳои Қуръон ба хуршед, моҳ ва ... аз ин қабил аст.

Ҷ: Гоҳе оёти илмии Қуръон барои исботи маод аст, барои мисол мефармояд:

Пас одамӣ бингарад аз чи чиз офарида шудааст аз оби ҷаҳанда офарид шудааст, ки аз миёни пушт ва сина берун меояд, Худованд ба бозгардонидани ӯ қодир аст.[2]

Д: Имкон дорад ин тавр гуфта шавад, ки Қуръон як ҳадафи аслӣ ва умда дорад ва он ба камол расондани инсон ки ҳамоно тақарруби ба Худост- мебошад ва аҳдофи фаръии дигаре ҳам дорад, ки дар тӯл ва ростои ҳамон ҳадафи аслист. Аз ҷумлаи он аҳдоф исбот маод, набувват ва эъҷози худи Қуръон мебошад, ки муқаддимае барои пазириши ваҳй, тавассути мардум аст.

Бар ин асос, баёни матолиби илмӣ аз аҳдофи Қуръон аст, чун эъҷози Қуръонро собит мекунад, вале ҳадафи аслӣ ва умдаи Қуръон нест. Ин матлаб хусусан бо ин нукта равшан мешавад, ки оёте, ки ҳамаи чизро ба Қуръон нисбат медиҳад, дар мавриди дин аст, пас ҳадафи аслӣ, ҳидояти инсон ва баёни маорифи динӣ аст, вале яке аз умуре, ки марбут ба дин аст, исботи эъҷози Қуръон аст ва яке аз абъоди эъҷози Қуръон эъҷози илмӣ аст. Ба ин хотир матолиби имлии Қуръон (дар баъзе маворид) худ аз аҳдофи Қуръон аст, аммо аз аҳдофи умда ва аслӣ нест.



[1]. Сураи Оли Имрон, ояи 190.

[2]. Сураи Ториқ, ояи 5. 8

 

Нури тоҷикон

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст