چاپ

Оё ҳамаи улуми башарӣ дар Қуръон вуҷуд дорад?

Дар ин маврид се дидгоҳи умда вуҷуд дорад, ки ба сурати мухтасар ба онҳо ишора мекунем ва далелҳои онҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳем:

Дидгоҳи аввал: ҳамаи улуми башарӣ дар Қуръон вуҷуд дорад:

Барои аввалин бор ин андеша дар китоби Эҳёи улуми дин ва Ҷавоҳирул Қуръони Абӯҳомиди Ғаззолӣ дида шудааст. Ӯ саъй кард, ки нишон диҳад ҳамаи улумро метавон аз Қуръон истихроҷ кард.[1]

Сипас Абӯлфазли Мурсӣ (570-655 қ), ки соҳиби китоби тафсир аст ин дидгоҳро ба сурати ифротӣ мепазирад ва мегӯяд:

Ҳамаи улуми аввалин ва охирин дар Қуръон вуҷуд дорад.[2]

Дидгоҳи дуввум: Қуръон фақат китоби ҳидоя ва дин аст ва барои баёни масоили улуми таҷрибӣ наёмадааст. Барои мисол Абӯисҳоқи Шотибӣ (м. 790 қ), ки аввалин мухолиф бо назарияи Ғаззолӣ ва Мурсӣ буд, мегӯяд:

Қуръон барои баёни аҳкоми охират ва масоили марбут ба ҳидоя ва саъодати башар омадааст.[3]

Нависандагони тафсирҳои Маҷмаул баён ва Кашшоф низ менависанд:

Манзур аз баёни ҳама чиз дар Қуръон масоили марбут ба ҳидоя ва дин аст.[4]

Дидгоҳи севвум: дидгоҳи тафсил, яъне аз тарафе ҳамаи улуми башарӣ дар завоҳири Қуръон вуҷуд надорад ва ҳадафи аслии Қуръон низ ҳидояти башар ба сӯи Худост. Ва аз тарафе Қуръони Карим ба тафаккур ва илм даъват мекунад ва бархе аз мисолҳо ва матолиби илмии саҳеҳ ва ҳақро баён мекунад, ки баёнгари эъҷози илмии Қуръон аст.

Натиҷагирӣ:

Бо таваҷҷӯҳ ба далелҳои соҳибони се дидгоҳ ба ин натиҷа мерасем, ки зоҳири оёти Қуръон, бар тамоми улуми башарӣ (бо тамоми формулҳо ва ҷузъиёти он) далолат надорад.

Бале дар Қуръон ишора ба баъзе аз улум ва матолиби илмӣ шудааст, биттабъ ва аразист, вале ҳамаи улум билфеъл дар Қуръон зикр нашудааст ва оёте дар ин замина аст монанди ояти 89 сураи Наҳл:

ِ وَنَزَّلْنَا عَلَيْكَ الْكِتَابَ تِبْيَانًا لِكُلِّ شَيْءٍ

мо бар ту китобро нозил кардем, ки баёнкунандаи ҳамаи чиз аст”

Ва оёти 38 ва 59 Сураи Анъом:

وَلا رَطْبٍ وَلا يَابِسٍ إِلا فِي كِتَابٍ مُبِينٍ

Далолат бар ин матлаб дорад, ки тамоми эҳтиёҷоти динӣ ва ҳидояти мардум дар Қуръон ба таври тафсил ё муҷмал зикр шудааст.[5]



[1] . Эҳёи улуми дин, ҷ.1, саҳ 289. чопи дорул маърифат.

[2] . Аттафсир валмуфассирӯн ҷ. 2, саҳ 478 ва 582

[3] . Аттафсир валмуфассирун, ҷ. 2, саҳ 485.

[4] . Замаҳшарӣ, Кашшоф, ҷ. 2, саҳ, 628.

[5]. Барои иттилооти бештар дар ин замина ва баррасии тафсилии далелҳои ҳар дидгоҳ руҷӯъ шавад ба китоби пажӯҳише дар эъҷози илмии Қуръон ва низ даромаде бар тафсири илмии Қуръон аз нависанда, интишороти усва, 1375.

 

Normal 0 false false false EN-US X-NONE AR-SA MicrosoftInternetExplorer4

Нури тоҷикон
زیر مجموعه: Маориф
بازدید: 1771