Худои Субҳон дар ояти чордаҳуми сураи Тағобун мефармояд:
يَآ أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ إِنَّ مِنْ أَزْوَاجِكُمْ وَأَوْلاَدِكُمْ عَدُوّاً لَّكُمْ فَاحْذَرُوهُمْ وَإِن تَعْفُواْ وَتَصْفَحُواْ وَتَغْفِرُواْ فَإِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَّحِيمٌ
Эй касоне, ки имон овардаед, бархе аз ҳамсарон ва фарзандонатон барои шумо душмананд. Пас аз онон барҳазар бошед ва агар афв кунед ва нодида гиред ва даргузаред, пас Худованд омурзандаи меҳрубон аст.
Биёмӯзем
1. Мӯъминон бидонанд, ки вазифаи онҳоро Худо маълум ва баён кардааст. Пас бояд онро биёмӯзанд ва амал кунанд.
2. Масъала ҷиддӣ аст.
3. Нишоани имони воқеӣ пойдорӣ ва истодагӣ дар баробари хостаҳои отифӣ ва ноҳаққи ҳамсар ва фарзанд аст, гарчи мумкин аст душмании ононро ба ҳамроҳ дошта бошад.
4. Бояд бидонем, ки баъзе аз ҳамсарону фарзандон монеъ‏тарошӣ ва душманӣ ме‏кунанд, на ҳамаи онҳо.
5. Мӯъминон бояд ҳушёр ва барҳазар бошанд ва фиреби ҳамсарон ва фарзандони ноаҳлро нахӯранд.
6. Ҳушдорҳоро ҷиддӣ бигиред.
7. Таслими хостаҳои нобаҷои ҳамсар ва фарзандон нашавед, вале робитаи афву гузашт ва бахшишро риоят кунед.
8. Дар хатопӯшӣ то охирин марҳала пеш равед. Бибахшед, сарзаниш накунед ва ба ёди худатон ҳам наёред.
9. Вазифа ва ғаризаро дар зиндагии хонаводагӣ риоят кунед. На ба хотири отифа ва ғариза даст аз вазифа, ҳиҷрату ҷиҳод бардоред ва на ба хотири анҷом вазифа эҳсосот ва ҳуқуқи хонаводаро нодида бигиред.
10. Ба дунболи афв ва мағфирати шумо афву мағфират ва меҳрубонии Худост.
11. Мағфирати Худо бо раҳмат ва лутфи хос аст.
12. Амал ба дастури Худо ва вазифаи имонӣ лутфу раҳмати Худоро дар пай дорад.
13. Барномаи мӯъмин баён шудааст. Вазифаи мӯъмин аст, ки онро биёмӯзад ва амал кунад.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст