Худои Субҳон дар ояти нуҳум ва даҳуми сураи Тағобун мефармояд:
يَوْمَ يَجْمَعُكُمْ لِيَوْمِ الْجَمْعِ ذَ لِكَ يَوْمُ التَّغَابُنِ وَ مَن يُؤْمِن بِاللَّهِ وَ يَعْمَلْ صَالِحاً يُكَفِّرْ عَنْهُ سَيِّئَاتِهِ وَ يُدْخِلْهُ جَنَّاتٍ تَجْرِى مِن تَحْتِهَا الْانْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَآ أَبَداً ذَ لِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ
(Ёд кун) рӯзе, ки Худованд шуморо барои (ҳузур дар) рӯзи ҷамъ гирд меоварад. Он рӯзи ҳасрат ва пушаймонӣ аст. Ва ҳар кас ба Худованд имон оварад ва кори шоиста анҷом диҳад, бади‏ҳояшро ме‏пӯшонад ва ӯро ба биҳишт‏ҳое, ки аз зери (дарахтони) онҳо рудҳо ҷорӣ аст медарорад. Дар он ҷо барои ҳамеша ҷовидона ҳастанд. Ин комёбии бузург аст.
وَالَّذِينَ كَفَرُواْ وَكَذَّبُواْ بِآيَاتِنَآ أُوْلَئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ خَالِدِينَ فِيهَا وَبِئْسَ الْمَصِيرُ
Ва касоне, ки кофир шуданд ва оятҳои моро такзиб карданд, ҳамон‏ҳо аҳли дӯзаханд, дар ҳоле ки ҳамеша дар он ҷо ҳастанд ва ин саранҷом баде аст.
Бидонем
«Тағобун» ба маънои он аст, ки ҳасрату зарарҳо ҷилва мекунад. Рӯзи қиёмат:
1. кофирон ба хотири имон наёвардан
2. фосиқон ба хотири надоштани амали солеҳ
3. мӯъминон ба хотири он ки ме‏тавонистанд амали бештаре кунанд, вале танбалӣ карданд
ҳама ба навъе эҳсоси зарар, ҳасрат доранд.
Дар он рӯз ҳар кас ба фикр он аст, ки чигуна бори худро ба дӯши дигарӣ андозад ва худро наҷот диҳад.
Дар он рӯз раҳбарони фосид ба пайравони худ зарар расондаанд ва пайравон низ ба хотири итоати кӯркӯрона ба раҳбарони фосид фурсати фасоди бештаре дода ва ононро бадбахт кардаанд, чунки агар аз онҳо итоат намешуд, фасоди он‏ҳо ин ҳама зиёд намешуд.
Биёмӯзем
1. Қиёмат рӯзи ёдкарданӣ аст. Набояд қиёматро фаромӯш кунем.
2. Роҳи наҷот аз ҳасрату зарар имон ва амали солеҳ аст.
3. Имон аз амали солеҳ ҷудо нест.
4. Имон ва амали солеҳ бади‏ҳоро мепӯшонад.
5. Худованд бандагони мӯъмини солеҳро аввал пок мекунад ва баъд ба биҳишт медарорад.
6. Боғ‏ҳо ва рудҳои биҳиштӣ зиёд, доимӣ ва абадӣ аст.
7. Бузург‏тарин комёбӣ он аст, ки инсон бо имо н ва амали солеҳ ва пок ба биҳишт дарояд.
8. Саранҷоми кофирон мояи ибрат аст. Инсони оқил илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ мекунад.
9. Имрӯз бо ихтиёр ва ҳаққи интихобу фурсате, ки доред метавонед бо имон ва амали солеҳ ва лутфи Худои Субҳон ба биҳишту неъмати ҷовидона бирасед ё бо куфр дар оташи ҷовидона бимонед ва бисӯзед.
10. Комёбӣ ва нокомиро Худо барои мо гуфтааст. Дар шинохт ва расидан ба комёбӣ ва дурӣ аз нокомӣ бояд аз Худо кӯмак бихоҳем.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст