چاپ
Худои Субҳон дар ояти панҷуми сураи Тағобун мефармояд:
أَلَمْ يَأْتِكُمْ نَبَؤُاْ الَّذِينَ كَفَرُواْ مِن قَبْلُ فَذَاقُواْ وَبَالَ أَمْرِهِمْ وَ لَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ
Оё хабари касоне, ки пеш аз ин кофир шуданд ба шумо нарсидааст? Пас муҷозоти кори худро (дар дунё) чашиданд ва барояшон (дар охират) азоби дарднок аст.
Бидонем
«Вабол» ба маънои сангинӣ аст. Ба ғизое, ки меъдаро сангин кунад «вабил» ва ба борони сангин «вобил» гӯянд. Он гоҳ ба ҳар амри сангине, ки зарар ва зиён расонад, «вабол» гуфта шудааст. Ин калима чор бор дар Қуръон омада ва дар тамоми маворид мурод аз он гирифторӣ ва сахтии дунявӣ аст. (Моида/95, Ҳашр/15, Талоқ/9 ва Тағобн/5)
Кайфари Илоҳӣ махсуси қиёмат нест, балки дар бархе маворид Худованд дар дунё ҳам кайфар медиҳад ва ҳам дар қиёмат, монанди қавми ‏Нуҳ(а), ки ғарқ шуданд ва қавми ‏Ҳуд(а), ки ба василаи бод ва қавми ‏Солеҳ(а), ки бо садои ваҳшатнок ва қавми ‏Лут(а), ки бо сангборон ва асҳоб‏и фил, ки бо сиҷҷил ва санг‏ҳои оташин, кайфари коршонро дар дунё чашиданд.
Биёмӯзем
1. Касоне, ки кофир шуданро интихоб кардаанд бояд аз гузашта ибрат бигиранд ва ба фикри чора ё мунтазири азоби Худо бошанд.
2. Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд кард.
3. Худо ҳушдорҳои лозимро додааст. Пас касе узр надорад.
4. Бо савол мардумро ба посухгӯӣ ва масъулиятпазирӣ водор кунед.
5. Мардуми асри Паёмбари Аъзам(с) аз ахбори қавмҳои ҳалокшудаи гузашта огоҳ буданд.
6. Ислом ба мутолиаи таърихи қавмҳои пешин суфориш кардааст. Касе, ки аз таърих ибрат нагирад қобили сарзаниш аст.
7. Он чӣ донистанаш лозим аст, хабарҳои муҳим ва ибрат‏омӯз аст на ҳар иттилооти бефоида ва вақтпуркун.
8. Худованд ҳалим аст, аммо баъзе аз корҳо ба андозае норавост, ки кайфари фавриро ба дунбол дорад.
9. Далели бадбахти‏ҳо рафтори худи инсон аст.
10. Кофирон худро аз ҳидояту саодат маҳрум мекунанд ва барои роҳи ҳақ ва пайравони он дарди сар месозанд. Дар қиёмат ҳам азобашон дарднок аст.
11. Азоби Худо дар дунё танҳо дар ҳадди чашидан аст ва кайфари комил махсуси қиёмат аст.
12. Ҳушдорҳоро ҷиддӣ бигиред.
زیر مجموعه: Маориф
بازدید: 1166