Худои Субҳон дар ояти 37 сураи мубораки Ҳаҷ мефармояд:
لَن ‏يَنَالَ اللَّهَ لُحُومُهَا وَلَا دِمَآؤُهَا وَلَكِن يَنَالُهُ التَّقْوَى‏ مِنكُمْ كَذَلِكَ سَخَّرَهَا لَكُمْ لِتُكَبِّرُواْ اللَّهَ عَلَى‏ مَا هَدَيَكُمْ وَبَشِّرِ الْمُحْسِنِينَ
Ҳаргиз гӯшту хуни ҳайвони қурбонӣ ба Худованд наме‏расад, балки ончи аз тарафи шумо ба ӯ мерасад тақвост. Ин гуна Худованд ҳайвонотро барои шумо ром намуд, то Худоро ба хотири он ки шуморо ҳидоят кардааст ба бузургӣ ёд кунед ва ба некӯкорон башорат деҳ.
Биёмӯзем
1. Худованд ба амалҳои мо ниёзе надорад.
2. Дар пушти масоили зоҳирии дин ҳадафҳои волотаре вуҷуд дорад. Ба зоҳири дастуроти динӣ басанда накунем, доштани ихлос ва рӯҳи бандагӣ ва таслим дар баробари фармони Худованд, ҳақиқат ва рӯҳи аҳкоми Худо аст.
3. Робитаи инсон бо Худованд аз роҳи тақвост.
4. Ниятҳо ва ангезаҳоро худоӣ кунем, вагарна қурбонии шутур ҳам фоида надорад.
5. Худоро ба бузургӣ ёд кардан шукри Худо аст.
6. Неъмати ҳидоят чунон арзишманд аст, ки барои шукри он супориши махсус шудааст.
7. Агар лутфи Худованд набошад ҳама гумроҳ хоҳем шуд.
8. Ҳаҷ ва амалҳои он ҷилваи ошкори ҳидоят аст.
9. Анҷоми маносики ҳаҷ инсонро мӯҳсин мекунад.
10. Худованд ба Паёмбараш дастур медиҳад, ки ба муҳсинон-некукорон муждаи саодат диҳад.
Умедворем Худои Мутаол ҳаҷ ва қурбонии ҳоҷиён ва некукоронро ба беҳтарин сифат бипазирад ва моро аҳли тақво ва ҳидоят, шукр, бузургдошти Худо ва дину аҳкоми Худо ва некукор ва наздик ба раҳмату мағфират ва ризвонаш бигардонад!

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст