Худои Мутаол дар ояти 58 сураи Моида мефармояд:
وَإِذَا نَادَيْتُمْ إِلَى الصَّلَوةِ اتَّخَذُوهَا هُزُواً وَلَعِباً ذَلِكَ بِأَنَّهُمْ قَوْمٌ لَّا يَعْقِلُونَ
Ва ҳар гоҳ шумо (бо гуфтани азон мардумро) ба намоз даъват мекунед онро ба масхара ва бозӣ мегиранд. Ин ба хотири он аст, ки онҳо қавме ҳастанд, ки аз ақл баҳра намебаранд.
Бидонем
Дар сабаби нузул ин оят омадааст, ки ҷамъе аз яҳуд ва баъзе аз насрониҳо вақте садои муаззинро ме‏шуниданд ва ё намоз хондани мусулмононро ме‏диданд, шурӯъ ба масхара ва ба бозӣ гирифтани онон ме‏карданд. Тафсири Намуна
 Биёмӯзем
1. Ҳатман ҳукми Худоро амал кунед.
2. Ҳамдигарро дар иҷрои аҳкоми Худо кӯмак кунед. Як нафар азон мегӯяд, вале мегӯяд вақте шумо нидо додед.
3. Аз касоне, ки азон ва аҳкоми диниро масхара ме‏кунанд ва онро ба бозӣ мегиранд дурӣ ва парҳез кунед.
4. Намоз чеҳра ва мазҳари дин аст.
5. Намоз зикри Худост. Гурӯҳе бо зикри Худо мухолиф ҳастанд ва онро ба масхара ва бозӣ мегиранд. Чун азон ва намоз мардумро ҳушёр ва сабур мекунад. Мусулмон охири корро мебинад, ки бояд ба фалоҳ ва комёбӣ бирасад ва он бо бандагии Худост на бандагии нафс, шайтон ё фиръавнҳои замон ва ин барои шайтон сахт аст.
6. Барои намоз бояд фарёд зад то мусулмонон огоҳ ва ҷамъ шаванд.
7. Намоз бояд ошкор ва азон бо садои баланд бошад.
8. Дар ҷомеа‏и исломӣ бояд барои намоз фарёд зад ва таблиғ кард ва ҳеҷ кас набояд монеъи он гардад.
9. Дар азон масъалаи бузургӣ ва ягонагии Худо, паёмбарии Расули Худо (с) ва беҳтарин амал ва бандагӣ ва комёбӣ таблиғ мешавад.
10. Бо шунидани Аллоҳу акбар ҳама бояд бидонанд, ки дар олам ҳеҷ кас ҳаққи бузургӣ кардан надорад ва кибриёӣ фақат шоистаи Худост. Бино бар ин азон ва қомат ва намоз корхонаи одамсозӣ ва дуркунандаи такаббур аст.
11. Шева‏и оқилон бархурди мантиқӣ аст, вале бе‏хирадон бо муқаддасоти динӣ шухӣ ва бозӣ мекунанд.
12. Далели масхараи онҳо беақлии онҳо аст. Пас набояд дунболи беақлон рафт ё ба хотири беақлии дигарон аз роҳи саодат дур шуд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст