Худои Мутаол дар ояти 57 сураи Моида мефармояд:
يَأَيُّهَا الَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَتَّخِذُواْ الَّذِينَ اتَّخَذُواْ دِينَكُمْ هُزُواً وَلَعِباً مِّنَ الَّذِينَ أُوتُواْ الْكِتَبَ مِن قَبْلِكُمْ وَالْكُفَّارَ أَوْلِيَآءَ وَاتَّقُواْ اللَّهَ إِن كُنتُم مُّؤْمِنِينَ
Эй касоне, ки имон овардаед, аз касоне, ки дини шуморо ба масхара ва бозӣ мегиранд, ҳамон касоне, ки пеш аз шумо китоб (-и осмонӣ) ба онҳо дода шуд ва (низ) кофиронро валӣ, дӯст ва сарпарасти худ нагиред ва аз Худо бипарҳезед, агар имон доред.
Биёмӯзем
1. Худо вазифаи мӯъминонро маълум кардааст.
2. Мӯъмин бояд бо вазифааш ошно шавад.
3. Имон масъулият меорад ва шароит дорад.
4. Имон бояд меҳвари ҳамаи корҳои зиндагии мӯъмин бошад. Бо ҳар касе наметавонад ва ҳақ надорад робита ва дӯстӣ дошта бошад.
5. Пазируфтани вилояти аҳли китоб ва кофирон мункар аст ва Худо аз он наҳй кардааст.
6. Баъзе аз аҳли китоб дар сафи пеши мубориза бо дини Ислом ҳастанд.
7. Муҷозоти дунявии ба масхара ва ба бозӣ гирифтани дини Худо ва муқаддасоти динӣ қатъи робита аст. Дар муомила бо дигарон эҳтироми муқаддасот шарти зарурӣ аст.
8. Шарти имон доштани ғайрат динӣ ва безорӣ аз ноаҳлон аст.
9. Масхара ва ба бозӣ гирифтани дин - бо ҷанги сард ва равонӣ ва таблиғот - шева‏и муборизаи душманони ҳақ аст.
10. Нишонаи имон ва тақво натарсидан аз душманони ҳақ ва напазируфтани вилоят ва сарпарастии онҳо аст.
11. Кофирон динро масхара мекунанд ва ба бозӣ мегиранд.
12. Ба амалкардҳои афроди диққат кунед, то онҳоро бишиносед ва ба вазифаи худ хуб амал кунед.
13. Аз ҳар касе, ки дин ва ақидаи шуморо масхара мекунад ва онро ба бозӣ мегирад дурӣ кунед ва сарпарастии ӯро напазиред.
14. Ончӣ барои як мӯъмин муҳим аст дини ӯст.
15. Диндӯстӣ, диндорӣ, дифоъ аз дин, имон ва тақво доштан маъруф ва писандидаи Худост ва ба он амр кардааст.
16. Пазириши вилоят ва сарпарастии касоне, ки динро масхара мекунанд ва ба бозӣ мегиранд мункар аст ва Худо аз он манъ кардааст.
17. Маъруфҳо ва мункарҳоро бишиносем ва дар зиндагӣ риоят кунем.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст