Худои Мутаол дар ояти 88 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
وَلَا تَدْعُ مَعَ اللَّهِ إِلَهًا آَخَرَ لَا إِلَهَ إِلَّا هُوَ كُلُّ شَيْءٍ هَالِكٌ إِلَّا وَجْهَهُ لَهُ الْحُكْمُ وَإِلَيْهِ تُرْجَعُونَ
Ва (ҳаргиз) маъбуди дигареро бо “Аллоҳ” махон, ки маъбуде ҷуз  ӯ нест. Ҳама чиз ҷуз зоти ӯ нобудшуданӣ аст. Ҳукм (ва ҳокимият танҳо) аз они ӯст ва ҳамаи шумо ба сӯи ӯ бозгардонда мешавед.
Бидонем
Баъзе аз зоҳирбинони сатҳиандеш мегӯянд: Ҳар кас ғайри Худоро бихонад, мушрик мешавад, зеро Худо фармудааст: لَا تَدْعُوا مَعَ اللَّهِ أَحَدًا  (Сураи Ҷин, ояти 18) Бино бар ин касоне, ки дар тавассул авлиёи Худоро садо мезананд, мушриканд! Аммо ин оят тавзеҳ медиҳад, ки мушрик касе аст, ки ғайри Худоро ба унвони Худои дигар бихонад: لَا تَدْعُ مَعَ اللَّهِ إِلَهًا آَخَرَ Ва ногуфта пайдост, ки мусулмон ҳеҷ касеро ба унвони Худо садо намезанад, балки ба унвони касе, ки назди Худо обрӯ дорад, садо мезанад ва он ҳам обрӯе, ки Худо ба ӯ додааст, назири анбиё ва авлиё (а), на ҳар шафиъ ва обрӯманди худсохта ва хаёлӣ, зеро бутпарастон низ дар дунёи хаёлии худ барои бутҳо обрӯе тасаввур мекарданд.
Дар ин оят ширкзудоӣ бо ибороти мухталифе баён шудааст:
 Худои дигарро бо Аллоҳ махонед.
 Маъбуде ҷуз Аллоҳ нест.
 Ҳама чиз ҷуз  ӯ нобудшуданӣ аст.
 Ҳокимият танҳо аз они ӯст.
 Танҳо ба сӯи ӯ бозмегардед.
Подшоҳи Саудӣ ҳар сол рӯзи иди Қурбон уламои фирқаҳои исломиро меҳмон мекард. Дар яке аз солҳо аллома Сайид Шарафуддини Ҷабал Омилӣ (аз уламои барҷастаи Лубнонӣ) ба меҳмонӣ даъват шуд. Аллома ҳамин ки вориди ҷаласа шуд, Қуронеро, ки ҷилди чармӣ дошт ба шоҳ ҳадя кард. Шоҳ онро гирифт ва бӯсид.
Аллома гуфт: Ту мушрик ҳастӣ!
Шоҳ нороҳат шуд, ки чаро чунин тӯҳмате мезанӣ?
Аллома гуфт: Чун шумо чармеро бӯсидед, ки пусти ҳайвон аст ва эҳтиром ба пӯсти ҳайвон ширк аст!
Шоҳ гуфт: Ман ҳар пӯстеро намебӯсам, чун масалан кафши ман ҳам аз чарм ва пӯсти ҳайвон аст, вале ҳаргиз онро намебӯсам, ин қитъаи чарм ҷилди Қуръон аст.
Аллома фармуд: Мо низ ҳар оҳанеро намебӯсем, оҳанеро мебӯсем, ки сандуқ ё зареҳ ва дару панҷараи қабри Паёмбари Аъзам(с) ё пешвоёни пок аз Аҳли байти Паёмбари Акрам (с) бошад.
Оре, ширк он аст, ки мо касе ё чизеро дар баробари Худо алам кунем ва барои ӯ қудрати мустақил қоил шавем, дар ҳоле ки мусулмон қудрати авлиёи Худоро мустақил намедонад, балки қудрати вобаста ба қудрати Худо медонад ва агар гунбад ва боргоҳе месозад ба хотири он аст, ки ба мардум эълом кунад дар ин ҷо марди аҳли тавҳид дафн шудааст. Касе, ки дар ин ҷо дафн шуда дар роҳи Худо шаҳид гашта ва фидо ва фанои тавҳид шудааст. Пас гунбад ва боргоҳ, яъне марказе, ки зери он фарёди тавҳид баланд аст, на марказе дар баробари масҷид.
Имом Ризо(а) фармуд: Мақсуд аз ваҷҳуллоҳ وجه الله Паёмбари Худо(с) ва ҳуҷҷатҳои ӯ дар замин ҳастанд, ки ба василаи онон ба Худо, дин ва маърифати ӯ таваҷҷӯҳ мешавад. (Тавҳиди Садуқ, саҳ. 117)
Биёмӯзем
1. Тавҳид вазифаи Паёмбар (с) ва пайравони ӯ аст.
2. Ширк мункар аст ва Худо аз он наҳй кардааст.
3. Далел баён кунед. Худои дигаре дар канори Худо нахон ва ибодат накун, чун ӯ фақат ҳаққи худоӣ дорад ва дигаре вуҷуд надорад.
4. Муваҳҳиди воқеӣ касест, ки аз ҳамаи маъбудҳо, абарқудратҳо, исмҳо ва тоғутҳо озод бошад. لَا تَدْعُ مَعَ اللَّهِ إِلَهًا آَخَر
5. Ба ончи рафтанист дил набандем ва худро асири онҳо насозем. كُلُّ شَيْءٍ هَالِكٌ إِلَّا وَجْهَهُ чунонки ҳазрати Иброҳим фармуд: قَالَ لَا أُحِبُّ الْآَفِلِينَ (Сураи Анъом, ояти 76)
6. Ҳокимият махсуси Худост. لَهُ الْحُكْمُ
7. Маъбуди воқеӣ чанд шарт дорад:
 Фанопазир набошад. كُلُّ شَيْءٍ هَالِكٌ إِلَّا وَجْهَه
 Бар ҳастӣ фамонраво бошад. لَهُ الْحُكْم
  Фарҷоми ҳама ба дасти ӯ бошад. إِلَيْهِ تُرْجَعُونَ
8. Марг нобудӣ нест, балки бозгашт ба аввал аст. إِلَيْهِ تُرْجَعُونَ 
9. Ин баргашт ихтиёрӣ нест ҳамон гуна ки омадани мо ба дунё ихтиёрӣ набуд.
10. Худоеро бихонем ва бипарастем, ки ҷовидонӣ, ҳокими ҳастӣ аст ва охири кор бозгаш ба сӯи ӯ ва дарёфти ҷазо ё подош ба ҳукми ӯст.
Парвардигоро, маззаи тиловат, тадаббур ва пандгирӣ аз Қуръонро ба мо бичашон ва чароғи дили моро ба нури Қуръон равшан ва вуҷуди моро равшанибахш қарор деҳ! Омин ё раббалоламин. Поёни сураи Қасас

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст