Худои Мутаол дар ояти 87 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
وَلَا يَصُدُّنَّكَ عَنْ آَيَاتِ اللَّهِ بَعْدَ إِذْ أُنْزِلَتْ إِلَيْكَ وَادْعُ إِلَى رَبِّكَ وَلَا تَكُونَنَّ مِنَ الْمُشْرِكِينَ
Ва (ба ҳуш бош) пас аз он ки оёти илоҳӣ ба сӯи ту нозил гардид, (ва васвасаҳо ва таҳдидҳои кофирон) туро (аз таблиғ ва амал ба он) боз надорад ва (ҳамчунон дигаронро) ба сӯи Парвардигорат даъват кун ва ҳаргиз аз мушрикон мабош.
Бидонем
Беъсат мароҳиле дорад:
 Гирифтани ваҳй. يُلْقَى إِلَيْكَ الْكِتَابُ
 Безорӣ аз куффор. فَلَا تَكُونَنَّ ظَهِيرًا
 Салобат дар кор. لَا يَصُدُّنَّكَ
 Даъвати дигарон. َادْعُ إِلَى رَبِّكَ
 Ихлос дар ақида ва амал. لَا تَكُونَنَّ مِنَ الْمُشْرِكِينَ
Таваҷҷӯҳ ба тавҳид ва нафйи ширк ва куфр ончунон муҳим аст, ки Худованд дар ин оёт борҳо Паёмбари Аъзам(с)-ро ба он ҳушдор медиҳад. Бештари ҷумлаҳои ин масъала дар оёти ахир, бо нуни таъкиди сақила ва бо лаҳни муболиға омада аст.
 لَا تَكُونَنَّ َلَا يَصُدُّنَّكَ لَا تَكُونَنَّ
Биёмӯзем
1. Кӯтоҳ омадан дар расондани ваҳй навъе тақвияти куфр аст. فَلَا تَكُونَنَّ ظَهِيرًا لِلْكَافِرِينَ وَلَا يَصُدُّنَّكَ
2. Душманон барои шахси Паёмбар(с) низ нақша доранд. لَا يَصُدُّنَّكَ
3. Кофирон мехоҳанд пеши роҳи расондан ва амалӣ ва ҳоким шудани оёти Худоро бигиранд ҳарчанд дар зоҳир чизи дигар бигӯянд.
4. Кофирон дар муқобили Худо ҳастанд.
5. Раҳбарони осмонӣ низ ба тазаккуроти Худо ниёзманданд. لَا يَصُدُّنَّكَ
6. Рисолат бояд ҳамроҳи иззат ва қотеият бошад. لَا يَصُدُّنَّكَ بَعْدَ إِذْ أُنْزِلَتْ
7. Илм ва огоҳӣ масъулиятро сангинтар мекунад. بَعْدَ إِذْ أُنْزِلَتْ إِلَيْكَ
8. Касе дар даъват ба ҳақ муваффақ мешавад, ки қотеъ ва нуфузнопазир бошад. لَا يَصُدُّنَّكَ ادْعُ إِلَى رَبِّكَ
9. Вақте аз мункар – кӯтоҳӣ аз расондан ва амал кардани оёти Худо дар асари таблиғоти кофирон- наҳй шуд маъруф ҳам –дуо ва итоати Парвардигор- гуфта шавад.
10. Дуои Парвардигор дармон аст.
11. Даъват бояд холисона бошад ва ҳеҷ масъалаеро ҷуз  ризои Худованд дар назар нагирад. ادْعُ إِلَى رَبِّكَ وَلَا تَكُونَنَّ مِنَ الْمُشْرِكِينَ Оре, касе, ки ба хотири мулоҳизаи дигарон даъват ба Худо накунад, дар мадори ширк қарор гирифта аст.
12. Ширк мункар аст ва бояд аз он наҳй кард.
13. Даъват бояд ба сӯи Худо бошад, на худ. ادْعُ إِلَى رَبِّكَ
14. Ширкзудоӣ ва мубориза бо куфр сарлавҳаи фаъолияти паёмбарон(а) ва аз таъкидоти бисёр ҷиддии Худот Мутаол аст. لَا تَكُونَنَّ مِنَ الْمُشْرِكِينَ
15. Ҳамкорӣ барои нодида гирифтани аҳкоми Худо ва ҳоким шудани хостаи кофирон ширк аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст