Худои Мутаол дар ояти 86 сураи Қасас мефармояд:
وَمَا كُنْتَ تَرْجُو أَنْ يُلْقَى إِلَيْكَ الْكِتَابُ إِلَّا رَحْمَةً مِنْ رَبِّكَ فَلَا تَكُونَنَّ ظَهِيرًا لِلْكَافِرِينَ
Ва ту умед надоштӣ, ки (ин) китоби (осмонӣ) ба ту илқо гардад (ва ин нузул набуд) магар раҳмате аз сӯи Парвардигорат. Пас (ба шукронаи он) ҳаргиз пуштибони кофирон мабош.
Бидонем
Ду шабоҳат миёни ҳазрати Мусо(а) ва ҳазрати Муҳаммад(с) дар оёти ин сура ба чашм мехӯрад:
1. Ҳазрати Мусо (а) ба умеди ба даст овардани оташ, ба сӯи он рафт ва ба нур расид, فَلَمَّا أَتَاهَا نُودِيَ (ояти 30), Паёмбари Ислом(с) низ ба қасди ибодат ба ғори Ҳиро рафт ва бо ваҳйи осмонӣ ошно шуд.َمَا كُنْتَ تَرْجُو أَنْ
2. Дар ояти 17 ҳазрати Мусо изҳор дошт: رَبِّ بِمَا أَنْعَمْتَ عَلَيَّ فَلَنْ أَكُونَ ظَهِيرًا لِلْمُجْرِمِينَ Парвардигоро, ба хотири лутфе, ки ба ман кардӣ ман ҳаргиз ёвари табаҳкорон нахоҳам буд. Дар ин оят низ Худованд ба Паёмбари Акрам(с) мефармояд: Ба хотири китоби осмонӣ, ки ба ту илқо шуда, ҳаргиз ёвари кофирон мабош.
يُلْقَى إِلَيْكَ الْكِتَابُ فَلَا تَكُونَنَّ ظَهِيرًا لِلْكَافِرِينَ 
Биёмӯзем
1. Ҳатто анбиё(а) бо он покии рӯҳ ва камоли бандагӣ интизори дарёфти ваҳй надоштанд. Ваҳй раҳмат ва лутфи Худо аст. مَا كُنْتَ تَرْجُو إِلَّا رَحْمَةً مِنْ رَبِّكَ
2. Дар ноумедиҳо басе умед аст.
3. Беъсати паёмбарон(а) ва нузули китоби осмонӣ аз шууни рубубияти Худованд аст. رَحْمَةً مِنْ رَبِّكَ
4. Худои Мутаол қонуни зиндагӣ барои инсонҳо нозил кардааст, то бо амал ба он ба саодат бирасанд.
5. Бо нузули китоб ва Паёмбар (с) ҳуҷҷат тамом шудааст.
6. Олимон ворисони паёмбарон ҳастанд, чун бо китоб ошно мешаванд онҳо низ вазифа доранд пуштибони кофирон ва роҳбозкуни барномаҳои зидди динии кофирон набошанд.
7. Безорӣ ва парҳез аз пуштибонии кофирон ба қадре муҳим аст, ки шукронаи нузули ваҳй қарор гирифтааст. يُلْقَى إِلَيْكَ الْكِتَابُ فَلَا تَكُونَنَّ
8. Неъмати хос масъулияти хос дорад.
9. Имон бо куфр созишнопазир аст.
10. Нишонаи имон пуштибонӣ накардан аз кофирон аст.
11. Раҳбар худ дар саффи аввал аст.
12. Пуштибони аз кофирон мункар аст ва Худо аз он наҳй кардааст.
13. Ҳар гуна ҳимоят аз куфр ва пуштибонӣ аз ҷурм мамнӯъ аст. فَلَا تَكُونَنَّ ظَهِيرًا لِلْكَافِرِينَ
14. Кофирон барои расидан ба ҳадафҳои шум ва зидди динии худ ба кӯмаки аҳли ҳақ ниёз доранд, то дигарон аз онон пайравӣ кунанд ва барномаи онҳоро бипазиранд, вагарна мардуми мусулмон ва мӯъмин ҳеҷ гоҳ аз душманони дин итоат намекунанд. Вазифаи аҳли илм ва ошно бо китоби осмонӣ сангин аст, чун бояд бо ҳушёрӣ аз марзҳои эътиқодӣ ва ҳидоят муҳофизат кунанд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст