Худои Мутаол дар ояти 85 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
إِنَّ الَّذِي فَرَضَ عَلَيْكَ الْقُرْآَنَ لَرَادُّكَ إِلَى مَعَادٍ قُلْ رَبِّي أَعْلَمُ مَنْ جَاءَ بِالْهُدَى وَمَنْ هُوَ فِي ضَلَالٍ مُبِينٍ
Ҳамоно он касе, ки Қуръонро (бар ту нозил ва амал ба онро) бар ту воҷиб кард, қатъан туро ба ваъдагоҳ (ва зодгоҳат) бармегардонад. Бигӯ: Парвардигорам огоҳтар аст, ки чӣ касе ҳидоят ёфта ва чи касе дар гумроҳии ошкор аст.
Бидонем
Дар ояти ҳафтум гузашт, ки Худованд ба модари Мусо (а) илҳом фармуд, ки фарзандатро ба дарё бияндоз ва нигарон мабош, ки мо ӯро ба ту бармегардонем, أَلْقِيهِ فِي الْيَمِّ إِنَّا رَادُّوهُ إِلَيْكِ дар ин оят низ Худованд ба Паёмбари Ислом (с) ваъда медиҳад, ки ӯро ба зодгоҳаш бармегардонад.  لَرَادُّكَ إِلَى مَعَادٍ Оре, ҳамон қудрате, ки Мусоро ба модар баргардонд, туро низ (баъд аз ҳиҷрат) ба Макка бармегардонад.
Дар ин ки маод (مَعَاد) ишора ба чӣ маъное дорад ва мисдоқи он чист, назароти мутафовите баён шудааст; баъзе онро “Макка” зодгоҳи Паёмбар(с) ва ин оятро як хабари ғайбӣ донистаанд, ки эй Паёмбар(с), рӯзе ҳамин Макка ба дасти ту фатҳ хоҳад шуд ва ба он бармегардӣ. Иддае низ онро мақоми маҳмуди Паёмбар(с) яъне мақоми шафоат ва ҷамъе ҳам онро ба қиёмат ва биҳишт маъно ва тафсир кардаанд ...
Биёмӯзем
1. Ваъдаҳои Худоро ҷиддӣ бигирем.
2. Худо, ки вазифа медиҳад барномаи ҳимоятӣ ҳам дорад.
3. Қуръон бояд хонда шавад на ин ки печонда ва дар сақф овезон бошад. Баъд аз хондан фаҳмидан, амал кардан ва расондани паёми он ба дигарон аст.
4. Иблоғи Қуръон сабаби тамарруд ва саркашии куффор ва ҳиҷрати Паёмбари Аъзам(с) шуд, аммо Худои Қуръон дубора Паёмбар(с)-ро ба зодгоҳаш бармегардонад. لَرَادُّكَ إِلَى مَعَاد
5. Тиловат, таблиғ ва амал ба Қуръон пеш аз ҳар кас бар худи Паёмбар(с) воҷиб аст. فَرَضَ عَلَيْكَ الْقُرْآَنَ
6. Таъбир ба фариза будани Қуръон нишонгари аҳамият ва ҷойгоҳи волои он аст. فَرَضَ عَلَيْكَ الْقُرْآَنَ
7. Муҳоҷир дар роҳи Худо боиззат ба ватани хеш бармегардад. لَرَادُّكَ إِلَى مَعَادٍ Танвини калимаи مَعَادٍ нишонаи азамат ва иззатмандӣ аст.
8. Дастурҳои Худоро бигӯед то мардум бохабар ва ҷомеа пур аз паёмҳои Худо шавад.
9. Гуфтанҳоро ҷиддӣ бигирем. Агар сухани Худо гуфта нашавад ҷояшро суханони ботил мегирад.
10. Холиқи ҳастӣ барои он барномаи тарбиятӣ дорад. Пас мо қонун дорем он чӣ бояд бошад ва хеле муҳим аст оҷрои он дар ҷомеа ва бартараф кардани монеи он аст.
11. Паёмбар он қадар мақоми воло дорад, ки Худо мегӯяд: Бигӯ: Парвардигори ман.
12. Ба унвон ва иддаи нодуруст, дурӯғин ва зоҳирии худ ё дигарон дар бораи худ мағрур нашавем ва худ ва дигаронро фиреб надиҳем, чун Худо медонад, ки чӣ касе аҳли ҳидоят ва гумроҳӣ аст.
13. Агар илми Худоро ҷиддӣ бигирем хеле аз мушкилоти дугонагии зоҳиру ботини мо ҳал хоҳад шуд.
14. Дар қиёмат узр надорем.
15. Ҳунар ин аст, ки то қиёмат аҳли ҳидоят бошем на муваққатӣ ва зоҳирӣ.
16. Роҳ аз чоҳ баён шудааст. Ҳидоят ва гумроҳӣ.
17. Дар мақоми баён низ ибтидо аз нуқоти мусбат шуруъ кунем.   مَنْ جَاءَ بِالْهُدَى وَمَنْ هُوَ فِي ضَلَالٍ
18. Гумроҳӣ ин қадар ошкор аст, ки инсон бо андак фикр ба он мерасад. Ҳар кас хилоф ва зидди барномаи Худо сухан бигӯяд, амал кунад ва ё золимонро кӯмак кунад аз роҳи ҳидоят берун рафтааст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст