Худои Мутаол дар ояти 84 сураи Қасас мефармояд:
مَنْ جَاءَ بِالْحَسَنَةِ فَلَهُ خَيْرٌ مِنْهَا وَمَنْ جَاءَ بِالسَّيِّئَةِ فَلَا يُجْزَى الَّذِينَ عَمِلُوا السَّيِّئَاتِ إِلَّا مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ
Ҳар кас некӣ оварад, барои ӯ (подоше) беҳтар аз он хоҳад буд ва ҳар кас бадӣ оварад, пас касоне, ки корҳои нораво анҷом диҳанд, ҷуз (ба андозаи) ончи кардаанд, муҷозот намешаванд.
Биёмӯзем
1. Подош ва ҷазои Худо бар асоси меъёр аст.
2. Кори нек матлуб ва писандида аст, аз ҳар кас ва ба ҳар миқдоре, ки бошад. مَنْ جَاءَ بِالْحَسَنَةِ
3. Муҳимтар аз анҷоми кори нек ба саломат расондани он ба саҳнаи қиёмат аст. جَاءَ بِالْحَسَنَةِ  Чӣ бисёранд касоне, ки корҳои хубе анҷом медиҳанд, вале ба воситаи гуноҳ, миннат гузоштан, уҷб ва ё таҳқири дигарон, онро аз байн мебаранд ва наметавонанд кори хуби худро ба қиёмат бирасонанд.
4. Инсонҳо дар интихоби роҳи зиндагӣ озоданд. مَنْ جَاءَ بِالْحَسَنَةِ مَنْ جَاءَ بِالسَّيِّئَةِ
5. Ҳатто дар гуфтор сухани хешро аз хубиҳо оғоз кунем. Ибтидо калимаи الْحَسَنَةِ омада сипас السَّيِّئَةِ
6. Дар низоми саросар лутфи Худо подоши некиҳо бештар аз худи некиҳо аст ҳарчанд ба марҳалаи амал нарасад ва дар ҳолати андеша ва тарҳ боқӣ бимонад, вале кайфари кори бад ба андозаи кори бад ва ба шарте аст, ки аз дараҷаи фикр ва андеша бигзарад ва либоси амал бипӯшад. عَمِلُوا السَّيِّئَاتِ
7. Кори неки дигаронро фаромӯш накунем, ҳатто як амали сода бошад (الْحَسَنَةِ), вале бадкоронро вақте ҷазо диҳам, ки бар кори бади худ исрор дошта бошанд. كَانُوا يَعْمَلُونَ
8. Худованд подоши некиҳоро бо фазли худ медиҳад, вале дар кайфари бадкорон бо адли хеш рафтор мекунад. فَلَهُ خَيْرٌ مِنْهَا لَا يُجْزَى إِلَّا مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ
9. Инсонҳо дар гарави амали хуб ё бади худ ҳастанд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст