Худои Мутаол дар ояти 69 сураи Анкабут мефармояд:
وَالَّذِينَ جَاهَدُواْ فِينَا لَنَهْدِيَنَّهُمْ سُبُلَنَا وَإِنَّ اللَّهَ لَمَعَ الْمُحْسِنِينَ‏
Ва касоне, ки дар роҳи мо (бо тавфиқи мо) талош кунанд ҳатман онҳоро ба роҳҳои мавриди назари худамон (ки саросар ҳидояту саодат аст) роҳнамоӣ мекунем. Ва дар ҳақиқат Худо ҳатман бо некукорон аст.
Биёмӯзем
1. Барои расидан ба ҳидоятҳои хосси Худо талоши хос –дар роҳи Худо-лозим аст.
2. Инсон бояд тавфиқ бихоҳад ва қадам бардорад.
3. Гоҳе як қадам ва як лаҳза талоши холисона ҳидоят ва наҷоти абдиро ба пай дорад.
4. Инсон талошгар набояд мағрур шавад, чун дар ҳамин қадам бардоштан ва талоши ӯ тавфиқ ва лутфи Худо муқаддам ва ҳамроҳ аст. Феъли «ҷоҳада» ду тарафа аст.
5. Дар мудирият ва раҳбарӣ лозим нест тамоми абъоди кор аз рӯзи аввал равшан бошад, ҳамин ки қадами худоӣ бардошта шавад, дар миёни роҳ ҳидоят‏ҳои ғайбӣ ме‏ояд.
6. Ончи ба талош‏ҳо арзиш ва баракат ме‏диҳад ихлос –дар роҳи мо- аст.
7. Ба ваъда‏ҳои Худованд итминон ва бовар дошта бошем.
8. Аз мо бардоштани қадам дар роҳ ӯ бо ихлос аз Худо ин ҳама лутфу иноят ва ҳамроҳиву ҳидоят.
9. Ҳидояти саодатофарин танҳо ба дасти Худо аст
10. Ҳидоят ва дастгирии Худо ҳатмӣ ва доимӣ аст.
11. Роҳ‏ҳои расидан ба қурби Худо маҳдудият надорад.
12. Дар роҳи ризои Худо будан муҳим аст, вагарна ба хотири шароит мумкин аст барномаҳо тағйир кунад.
13. Нишонаҳи некӯкорӣ талош дар роҳи ҳақ боихлос аст.
14. Ҳамроҳ будани Худои бузург бо бандҳаи заиф, яъне расидан инсон ба ҳама чиз. Имом Ҳусайн ‏(а) мегӯяд: Худоё, ҳар кӣ туро ёфт, чӣ камбудӣ дорад ва ҳар кӣ туро аз даст дод, чӣ дорад?
15. Худованд ҳам роҳи қурбро ба мо нишон медиҳад ва ҳам то расидан ба мақсад дасти моро мегирад ва ҳамроҳи мо ҳаст.
16. Ҳидоят ва дастгирии Худо бар асоси меъёр аст ва он муҳсин будан аст пас ҷое барои ноумедӣ нест, чун ҳама метавонанд аз ин ваъдаи Худо бо доштани меъёр баҳра баранд.
17. Роҳи саодат ва шароити онро аз Худо ёд бигирем.
18. Касе, ки Худо бо ӯ ҳаст дар зиндагияш ноумедӣ ва саргардонӣ ва тарс ҷой надорад.
19. Ҳуҷҷат тамом ва барнома баён шудааст. Пас аз Худо тавфиқи муҳсин шудан ва қадами холисона дар рҳи Худо бардоштанро бихоҳем ва ҳаракат кунем.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст