Худои Мутаол дар ояти 77 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
وَابْتَغِ فِيمَا آَتَاكَ اللَّهُ الدَّارَ الْآَخِرَةَ وَلَا تَنْسَ نَصِيبَكَ مِنَ الدُّنْيَا وَأَحْسِنْ كَمَا أَحْسَنَ اللَّهُ إِلَيْكَ وَلَا تَبْغِ الْفَسَادَ فِي الْأَرْضِ إِنَّ اللَّهَ لَا يُحِبُّ الْمُفْسِدِينَ
Ва (эй Қорун,) дар ончи Худованд ба ту додааст, дунболи охират бош ва (дар айни ҳол) баҳраатро низ аз ин дунё фаромӯш макун ва ҳамон гуна ки Худованд ба ту эҳсон кардааст, ту низ (аз ин сарват ба дигарон) эҳсон намо ва ба дунболи фасод дар замин мабош, ки Худованд, фасодгаронро дӯст намедорад.
Бидонем
Дар ин оят ба чанд дастур ва раҳнамуди тарбиятӣ ишора шудааст:
- Таваҷҷӯҳ доштан ба охират бо баҳрамандӣ аз дунё.
- Эҳсон ба дигарон аз алтофи Худованд ба инсон.
- Дурӣ аз фасод إِنَّ اللَّهَ لَا يُحِبُّ الْمُفْسِدِينَ
Ҳазрати Алӣ(к) дар тафсири ҷумлаи
لَا تَنْسَ نَصِيبَكَ مِنَ الدُّنْيَا  фармуд: Яъне аз саломатӣ, қувват, фароғат, ҷавонӣ ва шодобии худ барои охират истифода кун.
Биёмӯзем
1.Дунё киштзори охират аст. وَابْتَغِ فِيمَا آَتَاكَ اللَّهُ الدَّارَ الْآَخِرَةَ  (Ба Қорун гуфта шуд: Аз ин имконот барои сарои охират истифода кун.)
2.Дороии сарватмандон аз Худост. آَتَاكَ اللَّهُ
3.Охиратро бояд бо ҷиддият дунбол намуд, ҳарчанд дунёро низ набояд фаромӯш кард. ابْتَغِ لَا تَنْسَ
4.Мол ва сарват метавонад василаи саодати ухравӣ гардад. وَابْتَغِ فِيمَا آَتَاكَ اللَّهُ الدَّارَ الْآَخِرَةَ 
5.Мавъизаи сарватмандон кори писандидае аст. وَابْتَغِ
6.Ҳар кас ба саҳм ва насиби худ иктифо кунад ва боқиро сарфи охират намояд. وَابْتَغِ لَا تَنْسَ نَصِيبَكَ
7.Дар мавъиза ба ниёзҳои табиӣ ҳам таваҷҷӯҳ дошта бошем. لَا تَنْسَ نَصِيبَكَ
8.Сарвати беҳад баҳрамандии беҳисобро ба дунбол надорад. Насиби ҳар кас маҳдуд ва мушаххас аст.  نَصِيبَكَ
9.Охиратталабӣ аз тариқи эҳсон ба дигарон аст.
وَابْتَغِ وَأَحْسِنْ
10.Барои даъвати дигарон ба эҳсон, ёдоварии эҳсони Худо дар ҳаққи онон корсоз аст. أَحْسِنْ كَمَا أَحْسَنَ اللَّهُ إِلَيْكَ
11.Сармоядорони беимон дар маърази фасод ҳастанд. لَا تَبْغِ الْفَسَادَ
12. Маъруфҳоро бишиносем: Баҳрамандӣ аз дороии дунё барои саодати охират ва эҳсон ба дигарон аз неъматҳои Худо
13. Мункарҳоро бишиносем: Таътил кардани дунё барои охират ва фасод кардан дар рӯи замин.
14. Муфсидон маҳбуби Худо нестанд. Яке аз муфсидон сарватмандони бедард ва бехаёл нисбат ба ниёзмандони ҷомеа ҳастанд. Набояд фиреби сарватмандии афроди муфсидро бихӯрем, чун Худо онҳоро дӯст надорад. Пас сарватманд будани афрод нишонаи хушбахтӣ нест.
15. Далели наҳй аз мункарро бигӯем. Муфсидро Худо дӯст надорад пас шумо ингуна набошед!

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст