Худои Мутаол дар ояти 75 сураи муборакаи Қасас мефармояд:

وَنَزَعْنَا مِنْ كُلِّ أُمَّةٍ شَهِيدًا فَقُلْنَا هَاتُوا بُرْهَانَكُمْ فَعَلِمُوا أَنَّ الْحَقَّ لِلَّهِ وَضَلَّ عَنْهُمْ مَا كَانُوا يَفْتَرُونَ

Ва (дар он рӯз) аз ҳар уммате, гувоҳе берун меоварем, пас (ба мушрикон) мегӯем далели худро (бар ширк) биёваред пас мефаҳманд, ки ҳақ махсуси Худост ва ҳарчи ба дуруғ мебофтанд аз (дасти) онон рафта ва маҳву нобуд шудааст.

Бидонем

Мавоқиф ва истгоҳҳои қиёмат зиёд аст, дар як ҷо бар даҳони инсон муҳр мехӯрад ва аъзо ва андоми дигар шаҳодат медиҳанд;[1]

شَهِدَ عَلَيْهِمْ سَمْعُهُمْ وَأَبْصَارُهُمْ وَجُلُودُهُمْ дар ҷои дигар, инсон метавонад сухан бигӯяд;[2]وَقِفُوهُمْ إِنَّهُمْ مَسْئُولُونَ дар як ҷо сухане бо инсон гуфта намешавад;[3]لَا يُكَلِّمُهُمُ اللَّهُ вале дар ҷои дигар Худованд мефармояд: Далелҳоятонро биёред هَاتُوا بُرْهَانَكُمْ

Гарчи баъзе эҳтимол додаанд, ки муроди оят ин бошад, ки Худованд аз ҳар гуруҳи мушрик, яке аз афроди барҷастаро ба унвони шоҳид ва сухангӯ берун мекашад ва аз ӯ мепурсад: Бурҳони ширки шумо чист? Вале бо таваҷҷӯҳ ба ривояте, ки аз имом Боқир(а) омадааст[4] мурод ин аст, ки дар ҳар асру замоне, инсони маъсуме (паёмбар ё васии паёмбар,) ки ба аъмоли мардум огоҳ бошад, вуҷуд дорад, то дар қиёмат ба унвони гувоҳи рафтори мардум шоҳид қарор гирад. 

Биёмӯзем

  1. Дар қиёмат гувоҳон аз худи умматҳо бармехезанд. مِنْ كُلِّ أُمَّةٍ شَهِيدًا

  2. Муҳокимаҳои рӯзи қиёмат ошкоро ва ҳузурӣ аст. شَهِيدًا فَقُلْنَا

  3. Ақоид ва афкори худро бар асоси бурҳон ва далели маҳкам танзим кунем, зеро ширк бурҳоне надорад ва дар охират баҳона харидоре надорад. هَاتُوا بُرْهَانَكُمْ

  4. Мушрикон далел ва бурҳон надоранд. هَاتُوا بُرْهَانَكُمْ

  5. Саранҷом рӯзе ҳама ба ҳақиқати Аллоҳ илм пайдо мекунанд ва онро мепазиранд.

  6. Саъй кунем бо ҳақ ва аҳли ҳақ бошем то наҷот ёбем.

  7. Бозхост ва ҳукумат аз они ҳақ аст. Агар чанд рӯзе ботил муҳлати ҷилвагарӣ дорад шумо фиреб нахӯред.

  8. Ҳар навъ пӯшондани ҳақоиқ фақат дар дунёст, чун дар охират бо канор рафтани пардаҳо ҳақ ва ҳақиқат зоҳир мешавад. فَعَلِمُوا أَنَّ الْحَقَّ لِلَّهِ

  9. Агарчи гунаҳкорон дар қиёмат ба фикри инкор ҳастанд, вале ҳузури гувоҳ, ононро бечора мекунад. شَهِيدًا فَعَلِمُوا أَنَّ الْحَقَّ لِلَّهِ

  10. Гунаҳкорон дар дунё ҳамеша дунболи ифтиро ва дурӯғгӯӣ, тӯҳматзанӣ ва хаёлпардозӣ ҳастанд.مَا كَانُوا يَفْتَرُونَ

  11. Ончӣ гунаҳкорон ба он такя мекарданд нобуд ва гум мешавад.ضَلَّ عَنْهُمْ مَا كَانُوا يَفْتَرُونَ

  12. Рӯзи қиёмат рӯзи ноумедӣ, саргардонӣ ва дастхолӣ шудани гунаҳкорон ва тоғутҳост.

  13. Ботил рафтанӣ аст. ضَلَّ عَنْهُمْ مَا كَانُوا يَفْتَرُونَ

  14. Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд кард. Он чӣ лозим буд гуфта шудааст, пас узр надорем.



[1]Сураи Фуссилат, ояти 20

[2]Сураи Соффот, ояти 24

[3]Сураи Бақара, ояти 74

[4]Тафсири ал-Мизон,  ҷ. 16, саҳ.  20

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст