Худои Мутаол дар ояти 73 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
وَمِنْ رَحْمَتِهِ جَعَلَ لَكُمُ اللَّيْلَ وَالنَّهَارَ لِتَسْكُنُوا فِيهِ وَلِتَبْتَغُوا مِنْ فَضْلِهِ وَلَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ
Ва аз раҳмати ӯст, ки барои шумо шабу рӯзро қарор дод, то дар он оромиш ёбед ва аз фазли ӯ (рӯзии худро) биҷӯед, ва бошад, ки шукр гузоред.
Бидонем
Дар оёти Қуръон ҳамеша шаб бар рӯз муқаддам аст. Шояд аз он ҷиҳат, ки торикии шаб зоти замин ва аз худи он аст, вале равшании рӯз аз хуршед аст, ки бар замин ориз ва пайдо мешавад.
Биёмӯзем
1. Маншаи хилқат ва додани неъмат ниёзи ӯ ё талаби мо нест, балки бахшандагӣ ва раҳмонияти ӯст. وَمِنْ رَحْمَتِهِ جَعَلَ
2. Оромиши шаб муқаддимаи талоши рӯз аст. لِتَسْكُنُوا فِيهِ وَلِتَبْتَغُوا
3. Худованд бахшанда аст, вале инсон бояд талош кунад. مِنْ رَحْمَتِهِ جَعَلَ لِتَبْتَغُوا
4. Шаб барои осоиш ва рӯз барои кор ва фаъолият аст. لِتَسْكُنُوا فِيهِ وَلِتَبْتَغُوا مِنْ فَضْلِهِ
5. Он чи ба даст оварем аз фазли ӯст, ба зиракии худ нанозем. مِنْ فَضْلِهِ
6. Неъматҳои моддӣ бояд муқаддимаи шукр ва касби дараҷоти маънавӣ бошад. لِتَسْكُنُوا ِ لِتَبْتَغُوا لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ
7. Дунё агар василаи рушд, қурб ва шукр ба даргоҳи Илоҳӣ бошад, манфур ва мазмум нест. لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст