Худои Мутаол дар ояти 59 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
وَمَا كَانَ رَبُّكَ مُهْلِكَ الْقُرَى حَتَّى يَبْعَثَ فِي أُمِّهَا رَسُولًا يَتْلُو عَلَيْهِمْ آَيَاتِنَا وَمَا كُنَّا مُهْلِكِي الْقُرَى إِلَّا وَأَهْلُهَا ظَالِمُونَ
Ва Парвардигорат қаряҳо (ва шаҳрҳоро) нобуд намекунад, магар ин ки дар миёни онон паёмбаре барангезад, ки оёти моро бар онон тиловат  кунад. Ва мо ҳеҷ ободиро ҳалок накардем, магар он ки аҳли он золим буданд.
Биёмӯзем
1. Парвардигор ба фикри тарбияти ҳастӣ аст. Бо фиристондани китоб ва расул барои тиловати барномааш мехоҳад инсонҳоро тарбият кунад.
2. Парвардигори оламиён мақоми Паёмбари Аъзам (с)-ро чунон боло бурдааст, ки мефармояд: Парвардигори ту.
3. Асл раҳмат аст на ҳалокат.
4. Худо ба инсоне чунон ангеза медиҳад, ки дар иҷрои рисолаташ тамоми сахтиҳоро ба ҷон мехарад.
5. Доштани ангеза барои иҷрои масълиятҳо хеле муҳим аст, ки бояд аз Худо хост.
6. Аз муҳимтарин вазоифи анбиё тиловати оёти Худо бар мардум аст. يَتْلُو عَلَيْهِمْ
7. Оёти Худо бояд доимӣ (феъли музореъ) ва пайваста (моддаи тиловат) хонда шавад.
8. Паёмбар бо тиловати оёт масъулияти худро амал мекунад шумо ҳам масъулият доред.
9. Макка уммулқуро ва маркази Ислом аст. يَبْعَثَ فِي أُمِّهَا رَسُولًا
10. Ҷавомеи ситамгар дар маърази қаҳри Худо ҳастанд. رَبُّكَ مُهْلِكَ الْقُرَى
11. То ҳуҷҷат тамом нашавад, қаҳре аз ҷониби Худо нозил намешавад. مَا كَانَ رَبُّكَ مُهْلِكَ الْقُرَى حَتَّى يَبْعَثَ رَسُولًا
12. Фиристодани китоб ва расул барои маҷбур кардани инсонҳо нест, балки барои огоҳ кардан ва роҳнамоии онҳо ба сӯи саодат аст.
13. Қаҳри Худо яке аз шеваҳои тарбиятии Худованд аст. (Ҳалокат ба дунболи калимаи رَبُّكَ омада аст.) رَبُّكَ مُهْلِكَ الْقُرَى
14. Маҳалҳои таблиғӣ бояд дар марокиз ва конунҳои аслии иҷтимоот ва шаҳрҳо бошад. يَبْعَثَ فِي أُمِّهَا رَسُولًا (Оят нишонгари нақши макон дар таблиғ аст.)
15. Посухи мусбат надодан ба даъвати анбиё зулм аст. يَتْلُو عَلَيْهِمْ وَأَهْلُهَا ظَالِمُونَ
16. Бо ихтиёр ва тамом шудани ҳуҷҷат ҳалокатро ба ҷои раҳмат интихоб кардан зулм аст.
17. Ҳалок кардани ситамгарон дар дунё қонун ва барномаи Худо аст. مُهْلِكِي الْقُرَى أَهْلُهَا ظَالِمُونَ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст