Худои Мутаол дар ояти 58 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
وَكَمْ أَهْلَكْنَا مِنْ قَرْيَةٍ بَطِرَتْ مَعِيشَتَهَا فَتِلْكَ مَسَاكِنُهُمْ لَمْ تُسْكَنْ مِنْ بَعْدِهِمْ إِلَّا قَلِيلًا وَكُنَّا نَحْنُ الْوَارِثِينَ (58)
Ва  чи бисёр манотиқе, ки мо ба хотири туғён дар зиндагӣ (онҳоро) ҳалок кардем. Ин хонаҳои онҳост, ки баъд аз онон ҷуз андаке (аз инсонҳо дар он) сукунат накарданд ва мо вориси онон ҳастем.
Бидонем
Калимаи батира بَطِر ба маънои туғён ва сармастӣ бар асари фузунии сарват ва осоиш аст.
Дар ояти қабл хондем, ки гуруҳе ба Паёмбари Акрам(с) гуфтанд: Агар мо ба ту имон биёрем, куффори Макка моро овора хоҳанд кард ва Худо фармуд: Ҳамон қудрате, ки Маккаро маҳалли амн ва ризқи фаровон барои шумо қарор дод, баъд аз имон низ метавонад неъматҳояшро барои шумо ҳифз намояд. Дар ин оят Худо мефармояд: Фаромӯш накунед, ки мо бисёре аз шаҳрҳоро, ки сармаст аз неъматҳо ва ғарқ дар осоиш буданд нобуд кардем. Шумо, ки ба хотири ҳифзи рифоҳ ва моли худ имон намеоред, бо қаҳри Худо чӣ кор мекунед?!
Манзур азتِلْكَ مَسَاكِنُهُمْ  хонаҳои вайронаи қавми Од дар минтақаи Аҳқоф (миёни Яман ва Шом) ё қавми Самуд дар минтақаи Садум аст, ки мардуми Ҳиҷоз дар мусофиратҳои тиҷорӣ аз канори он мегузаштанд ва бо чашми худ медиданд.
Биёмӯзем
1. Таърих бояд мояи ибрат бошад на саргармӣ.
2. Гоҳ сарват ва осоиш на танҳо мояи саодат нест, балки боиси ғурур, туғён ва ҳалокат аст. كَمْ أَهْلَكْنَا بَطِرَتْ مَعِيشَتَهَا
3. Камбағалӣ ва доро будан баҳона аст. Бархе мегӯянд: Агар мо вазъи хуб медоштем диндори беҳтар будем.
4. Хушие, ки баъдаш ҳалокат ба дасти Худо ва бадбахтии абадӣ бошад арзиш надорад.
5. Кохҳоро маҳалли сукунат ва оромишу осоиши худ медонистанд, вале вақте фурсат тамом шавад ва азоби Худо биёяд ҳалокгоҳи онҳо мешавад.
6. Замину хона ва мақоме, ки дар он зиндагӣ доред пеш аз шумо моли дигарон буда, ки дар асари нофармонӣ ва сармастӣ ва ғурур ба ҳалокат расидаанд. Инак навбати шумост бояд аз он барои саодат баҳра баред на ин ҳалокати онҳоро барои худатон такрор кунед.
7. Шумо ҳам зиёд нахоҳед монд пас чашму гӯш боз кунед ва тӯша барои худатон соз кунед.
8. Сарнавишти афрод ва ҷавомеъ дар гарави аъмоли онҳост. كَمْ أَهْلَكْنَا بَطِرَتْ مَعِيشَتَهَا
9. Қонуни Худо мӯҳлат додан ва сипас ҳалок кардани хушгузаронони беимон аст. أَهْلَكْنَا مِنْ قَرْيَةٍ بَطِرَتْ
10. Хушгузарон дар чанги Худост ва хушгузаронӣ поён дорад.
11. Харобаҳо ва бақоёи тамаддунҳои гузашта беҳтарин пандомӯзи наслҳои баъдӣ аст. تِلْكَ مَسَاكِنُهُمْ (аз ҷумла барномаҳои тарбиятӣ боздид аз ҳамин маконҳо аст.)
12. Сарватмандону қудратмандони мағрур амволи худро монда мераванд. Пас ҳидоят ва саодати абадиро бо хушии зудгузари дунявӣ муомила накунем. نَحْنُ الْوَارِثِينَ
13. Ҳама чиз ҳатто худи мо моли Худо ҳастем ва касе бе иҷозаи ӯ наметавонад коре кунад.
14. Иллатҳои саодат ва бадбахтии гузаштагонро бояд аз манбаи ҳақ биёмӯзем ва аз он ибрат бигирем.
15. Худои Мутаол бо баёни ин ҳақиқатҳо ҳуҷҷатро барои ҳама тамом кардааст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст