Худои Мутаол дар ояти 49 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
قُلْ فَأْتُوا بِكِتَابٍ مِنْ عِنْدِ اللَّهِ هُوَ أَهْدَى مِنْهُمَا أَتَّبِعْهُ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ
(Эй Паёмбар(с)! Ба онон) бигӯ: (Акнун ки мункири ҳарду китоб ҳастед) агар рост мегӯед, шумо китобе аз ҷониби Худованд биёваред, ки аз ин ду (китоб Таврот ва Қуръон) ҳидоятбахштар бошад, то ман аз он пайравӣ кунам.
Биёмӯзем
1. Бояд ба ёвасароии мункирон ҷавоби муносиб дода шавад. قُلْ
2. Ҷавоб бояд муносиби ҳамла бошад. Гуфтанд-бигӯ. قالوا-قل
3. Ҷавобҳо бояд сари вақт бошад ва фурсатсӯзӣ нашавад. فَ
4. Танқид ба танҳоӣ кофӣ нест, балки бояд ҳамроҳи он тарҳ ва пешниҳод дод. فَأْتُوا بِكِتَابٍ سِحْرَانِ تَظَاهَرَا
5. Аз ҷумла имтиёзоти анбиё таҳаддӣ ва муборизаталабӣ дар овардани китоб ё муъҷиза аст. أَهْدَى - فَأْتُوا بِكِتَابٍ
6. Тавроти аслӣ ва Қуръон беҳтарин китобҳои осмонӣ барои ҳидояти башар мебошанд. أَهْدَى مِنْهُمَا - فَأْتُوا بِكِتَابٍ
7. Аз ҳақиқатҳои гузашта дар муқобили душманони муштарак ҳимоят кунед.
8. Дар муқобили куфр ва инкор бояд адёни илоҳӣ аз якдигар ҳимоят кунанд. أَهْدَى مِنْهُمَا Ва фармуд: أَهْدَى مِن   Оре, бо ин ки Қуръон Тавротро таҳрифшуда медонад, вале дар баробари душмани муштараке, ки ба ҳамаи кутуби осмонӣ кофир аст ва шиори إِنَّا بِكُلٍّ كَافِرُونَ сар медиҳад, аз он ҳимоят карда ва дар канори хеш қарор медиҳад.
9. Раҳбари осмонӣ бояд беҳтарин сухан ва мантиқитарин шеваро дар муқобили мухолифон баён кунад.فَأْتُوا بِكِتَابٍ أَهْدَى مِنْهُمَا أَتَّبِعْهُ
10. Меъёр пайравӣ аз беҳтаринҳо аст. أَهْدَى مِنْهُمَا أَتَّبِعْهُ
11. Меъёри гузиниши мураббӣ дӯст ва китоб ҳидоятбахш будани он аст. أَهْدَى مِنْهُمَا أَتَّبِعْهُ
12. Беҳтаринҳоро бихоҳед ва аз беҳтаринҳо пайравӣ кунед. أَهْدَى مِنْهُمَا أَتَّبِعْهُ
13. Инсон аз овардани китоби бартар аз Қуръон ва Тавроти аслӣ оҷиз аст. إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ
14. Бо эҷоди савол тасмимгириро ба худашон вогузор кунед. إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст