Худои Мутаол дар ояти 47 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
وَلَوْلَا أَنْ تُصِيبَهُمْ مُصِيبَةٌ بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيهِمْ فَيَقُولُوا رَبَّنَا لَوْلَا أَرْسَلْتَ إِلَيْنَا رَسُولًا فَنَتَّبِعَ آَيَاتِكَ وَنَكُونَ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ (47)
Ва агар набуд, ин ки ҳар гоҳ мусибате дар асари амалкардашон ба онон бирасад, мегӯянд: Парвардигоро, мо намедонистем, чаро барои мо паёмбаре нафиристодӣ, то оёти туро пайравӣ кунем ва аз имоноварандагон бошем, (мо ҳаргиз паёмбаре ба сӯи онон намефиристодем).
Бидонем
Ояти қабл ҳадафи омадани анбиёро инзор ва ҳушдор донист. Ин оят ҳадафи дигари беъсатро, ки тамом шудани ҳуҷҷат ва бастани роҳ ва баҳона ва узр аст баён мекунад. Мафҳуми оят ин аст, ки куффор мегӯянд: Бадбахтӣ ва мусибат ба хотири амали фасод аст, ки ба сабаби надоштани паёмбар анҷом додаем ва агар паёмбаре медоштем, гирифтори ин ҳол намешудем. Худованд дар посух мефармояд: Мо барои тамом шудани ҳуҷҷат бар онҳо паёмбаре фиристодем.
Биёмӯзем
1.Бисёре аз масоил ва ҳаводиси талх натиҷаи амалкарди инсонҳо аст. تُصِيبَهُمْ مُصِيبَةٌ بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيهِمْ  Оре аъмоли нек ва бад дар ҳамин дунё низ асари худро мегузоранд.
2.Имон ба Худо ва пайравӣ аз анбиё, рамзи наҷот аз мусибатҳо аст. تُصِيبَهُمْ مُصِيبَةٌ لَوْلَا أَرْسَلْتَ
3.Ақл ва фитрат ба танҳоӣ кофӣ ва корсоз нест ва ваҳй  лозим аст. لَوْلَا أَرْسَلْتَ
4.Муҷозоти бе баён қабеҳ ва зишт аст. لَوْلَا أَرْسَلْتَ (Беъсати анбиё як итмоми ҳуҷҷат аст, то касе нагӯяд: Мо, ки хабар надоштем ва надониста хилоф кардаем.)
5. Фиристодани расулон барои тарбияти инсонҳо аст. فَيَقُولُوا رَبَّنَا
6. Он чӣ барои пайравӣ ва имон овардан лозим буд баён шудааст. Навбати мо аст, ки онро бидонем ва амал кунем ва собитқадам бимонем. نَتَّبِعَ آَيَاتِكَ وَنَكُونَ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ
7. Пайравӣ ва итоат нишонаи имони воқеӣ аст. نَتَّبِعَ آَيَاتِكَ وَنَكُونَ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст