Худои Мутаол дар ояти 7 сураи Мунофиқун мефармояд:

هُمُ الَّذِينَ يَقُولُونَ لا تُنْفِقُوا عَلى‏ مَنْ عِنْدَ رَسُولِ اللَّهِ حَتَّى يَنْفَضُّوا وَ لِلَّهِ خَزائِنُ السَّماواتِ وَ الْأَرْضِ وَ لكِنَّ الْمُنافِقِينَ لا يَفْقَهُونَ

Онон касоне ҳастанд, ки мегӯянд: Бар касоне, ка назди Расули Худо ҳастанд, инфоқ (ва харҷ) накунед то (аз атрофаш) пароканда шаванд, дар ҳоле ки хазинаҳои осмонҳо ва замин аз они Худованд аст, вале мунофиқон фаҳми амиқ ва дақиқ надоранд.

Бидонем

«Хазоин» ҷамъи «хазина» ба маънои ганҷина аст.

Аз шеваҳои бархурди душман муҳосираи иқтисодӣ ва дар тангно қарор додани мӯъминон аст. Мунофиқон ба якдигар мегуфтанд: Ба ёрони Паёмбар кӯмак накунед то аз атрофи ӯ пароканда шаванд. Дар Карбало обро бар ёрони имом Ҳусайн бастанд. Имрӯз ҳам мустакбирон барои таслим кардани кишварҳои мустақил ва озода аз фишори муҳосираи иқтисодӣ истифода мекунанд.

Биёмӯзем

1-Яке аз роҳҳои душман ва мунофиқон барои шикастани мактаб ва раҳбар, пароканда кардани пайравон аст.

2-Афроди моддигаро таҳлили моддӣ доранд ва фикр мекунанд, ки мардум барои дунё атрофи Расули Худо (с) ва раҳбари осмонӣ ҷамъ шудаанд, аз ин рӯ мегӯянд: Ба мӯъминон кӯмаки пулӣ ва молӣ накунед то пароканда шаванд.

3-Мӯъминон набояд дар тангноҳо, чашми умед ба кӯмакҳои мунофиқон ва мухолифон дошта бошанд, балки бояд таваккули онон ба Худованд ва ганҷинаҳои ӯ бошад.

4-Ба худиҳо умед диҳед ва суханони ёваи душманро посух диҳед. Мунофиқон гуфтанд ... Ту ҳам бигӯ ...

5-Фаҳми мунофиқон бар асос муҳосиботи зоҳирӣ аст ва амиқ ва дақиқ нестанд.

6. Таблиғоти мунофиқон доимӣ аст.

7. Мунофиқон наҳй аз маъруф мекунанд. Худо ва Расули Худо (с) мардумро ба инфоқ даъват мекунанд, вале онҳо бозмедоранд.

8. Мунофиқон дӯст доранд атрофи раҳбари исломӣ холӣ бошад ва аз равнақи гирду атрофи раҳбари исломӣ ранҷ мебаранд.

9. Масоили иқтисодӣ дар ҳузури мардум муҳим аст, вале барои таъмини он бояд ба Худое дил баст ва умедвор буд, ки ганҷинаҳои осмонҳо ва замин дар ихтиёри ӯст ва аз мӯъминон дифоъ мекунад.

10. Худованд нақшаҳои палиди мунофиқонро фош ва онҳоро расво мекунад.

11. Аз Худо бихоҳем, ки чигуна мавзеъгирӣ дар баробари таблиғоти душманонро ба мо биёмӯзад.

12. Худованд аз мӯъминон мехоҳад, ки дар дин ва масоили сарнавиштсоз тафаққуҳ кунанд яъне ба фаҳми амиқ ва дақиқ бирасанд ва фиқҳу фаҳми амиқ надоштанро сифати мунофиқон баён кардааст. Агар мӯъмин фаҳми амиқ пайдо накунад мумкин аст фиреби мунофиқонро бихӯрад.

13. Уммулмӯъминин ҳазрати Хадиҷаи Кубро аввалин ва маҳбубтарин ҳамсари фидокор ва ёри вафодори ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с) тамоми дороии худро дар ихтиёри Расули Худо гузошт ва худро канизаш эълом кард ва се сол муҳосираи иқтисодии сарони ширку куфри Қурайшро таҳаммул кард то рисолати Паёмбари Аъзам(с) равнақ бигирад ва Ислом пешрафт кунад. Ин намунаи имони воқеӣ аст.

14. Сифоти мунофиқонро бишиносем ва бо тавфиқи Илоҳӣ аз он дурӣ кунем. Ҳар кас коре мекунад, ки атрофи раҳбари динӣ холӣ шавад сифати мунофиқӣ дорад.

Худоё, моро аз хатароти нифоқ дар амони худ нигаҳ дор ва аз хазинаи ғайб ва густардаи худ ба кӯрии чашми кофирону мунофиқон баҳраманд ва онҳоро бар расидан ба нақшаҳои шумашон ноком бигардон. Илоҳӣ омин!

Абдусалом

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст