Худои Мутаол дар оёти 32 ва 33 сураи Қасас мефармояд:
اُسْلُكْ يَدَكَ فِى جَيْبِكَ تَخْرُجْ بَيْضَآءَ مِنْ غَيْرِ سُوءٍ وَاضْمُمْ إِلَيْكَ جَنَاحَكَ مِنَ الرَّهْبِ فَذَنِكَ بُرْهَنَانِ مِن رَّبِّكَ إِلَى‏ فِرْعَوْنَ وَمَلاَيْهِ إِنَّهمْ كَانُواْ قَوْماً فَسِقِينَ
(Эй Мусо, акнун) дастатро дар гиребонат фуру бибар (хоҳӣ дид, ки ) бе ҳеҷ беморӣ ва нақсу айбе сафед ва дурахшон берун хоҳад омад ва барои раҳоӣ аз (тааҷуб ва) тарс, бозуи худро ҷамъ кун! Пас ин (ду муъҷиза, ду далели равшан ва) ду бурҳон аз тарафи Парвардигорат ба сӯи Фиръавн ва ашрофи атрофи ӯст ва ба дурустӣ ки он ду гуруҳи фосиқ будаанд.
قَالَ رَبِّ إِنِّى قَتَلْتُ‏مِنْهُمْ نَفْساً فَأَخَافُ أَن يَقْتُلُونِ
(Мусо гуфт:) Парвардигоро, ҳамоно ман яке аз онҳо (фиръавниён)-ро куштаам, пас метарсам, ки маро (ба қисоси ӯ) бикушанд.
Бидонем
 Ҷумлаи «واضمُم اليك جَناحَك من الرَّهَب»  ё ба маънои он аст, ки “ба ҳангоми ваҳшат, дастҳоятро бар рӯи сина ва ё зери бағал бигузор” (бархилофи баъзе, ки вақте метарсанд, дастҳояшонро боло мебаранд) ва ё ба маънои камари ҳиммат бастан ва ҷиддӣ шудан ва пеш рафтан аст.
Дар Таврот омадааст, ки вақте Мусо даст дар гиребон буд дасташ марази песӣ гирифт ва монанди барф сафед шуд, вале Қуръон сафедии дасти Мусоро аз беморӣ намедонад, балки онро нишонаи қудрати Илоҳӣ медонад, ки дар мақоми ироаи бурҳон, роҳро бар ҳар гуна шубҳа ва каҷфикрӣ бибандад. «بيضاء من غير سوء»
Биёмӯзем
1.Ҳамроҳ бо қаҳр, лутф низ зарурӣ аст. «تَهتَزّ كانّها جانّ - تخرج بيضاء من غير سوء»  (Дар канори мори тарсон, дасти дурахшон лозим аст.)
2.Муъҷизоти Илоҳӣ нуқсон ва аворизи баде надоранд. «من غير سوء»
3.Иршод ва даъват бояд пояи мантиқӣ ва Илоҳӣ дошта бошад. «برهانان من ربّك»
4.Мор шудани асо ва сафед шудани даст, нишонае аз ташвиқ ва танбеҳ, инзор ва башорат аст, ки ду унсури асосӣ дар заминаи тарбият аст. «برهانان من ربّك»
5.Барои ислоҳи ҷомеа, бояд ибтидо ба суроғи решаҳо ва сарчашмаҳои фисқу фасод рафт. «الى فرعون و ملائه»
6.Қонуни қисос, собиқаи тулонӣ дорад. «قَتَلتُ منهم نَفساً فَأخاف أن يَقتلون»
7.Дар пазириши масъулият мавонеъро матраҳ ва арзёбӣ кунем. «فَأخاف أن يَقتلون»
8. Ислоҳгарӣ бо мароҳили гуногуне ҳамроҳ аст. قَتَلْتُ‏مِنْهُمْ نَفْساً
9. Ислоҳгарони Илоҳӣ бо бурҳон ба даъвати мардум меоянд.  برهانان من ربّك
10. Мор шудани асо ва нуронӣ шудани даст ҳама барои тарбият башар аст. برهانان من ربّك
11. Парвандаи муборизотӣ яке аз нигарониҳо аст. قَتَلتُ منهم نَفساً فَأخاف أن يَقتلون
12. Фиръавн ба танҳоӣ коре наметавонад бикунад, балки бо афрои даҳан ва чашм пуркун заминаи фиръавнӣ меёбад. الى فرعون و ملائه
13. Фиръавн ва атрофиёни ӯ яксон мухотаб ҳастанд. الى فرعون و ملائه
14. Сиёсат ва мудирияти фиръавнӣ фосиқона аст, ки бояд ислоҳ шавад. إِنَّهمْ كَانُواْ قَوْماً فَسِقِينَ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст