آزمایش مهم

Худои Мутаол дар ояти 31 сураи Қасас мефармояд:
وَأَنْ أَلْقِ عَصَاكَ فَلَمَّا رَءَاهَا تَهْتَزُّ كَأَنَّهَا جَآنٌّ وَلَّى‏ مُدْبِراً وَلَمْ‏يُعَقِّبْ يَمُوسَى‏ أَقْبِلْ وَلَا تَخَفْ إِنَّكَ مِنَ الْأَمِنِين«31»َ
Ва (аз ту мехоҳам) ин ки асоятро бияфкан! Пас чун (Мусо асоро андохт ногаҳон) дид, ки он (асо) чунон ҷасту хез мекунад, ки гуё мори чолок ва кӯчак аст, пушткунон гурехт ва ба ақиб (ҳам) нигоҳ накард! (Ба ӯ нидо расид, ки) эй Мусо! Пеш биё ва натарс! Ҳамоно ту дар амон ҳастӣ.
Биёмӯзем
1. Худованд аз ҳар чизе метавонад муъҷизае биёфаринад. «اَلقِ عصاك»
2. Доштаҳои худро қадр бидонем. Асои ҳазрати Мусо дар дасташ буд.
3. Аввлаш андохтан аст, вале натиҷа муҳим аст. Ба сухан ва дастури Худо гӯш диҳем ҳарчанд дар нигоҳи аввал муҳим ба назар нарасад.
4. Ҳамаи ҳастӣ зери назар, тадбир ва амри Худованд аст. Бо дидани намунаҳое ба қалб итминон медиҳад ва барои анҷоми маъмурияти бузург омода мекунад.
5. Раҳбари Илоҳӣ бояд аввалин мӯъмин ба кори худ бошад.
6. Чуб мор мешавад ва ҳаракат мекунад, вале Фиръавн такон намехӯрад.
7. Ба касе, ки маъмурият медиҳем бояд абзор ва имконоти лозимро ҳам дар ихтиёраш бигузорем ва дар ҳузури худ онро озмоиш кунад.
8. Агар Худо бихоҳад дар шароити фавқулода ҳам амният медиҳад.
9. Бандагии Худо бо амру наҳй ҳамроҳ аст, ки ба ҳамаи он бояд ҷиддӣ диққат ва амал кард.
10. Барои анҷоми маъмуриятҳои бузург, бояд барномаро қаблан машқ ва такрор кард. «اَلقِ عصاك» (Ҳазрати Мусо мебоист аввал худ, муъҷизаро бубинад, то битавонад онро дар баробари дигарон такрор намояд.)
11. Анбиё(а) дар ҷанбаи башарӣ, ҳамчун дигар инсонҳо нисбат ба умур, дағдаға ва тарс доштаанд. «لاتَخَف»

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст