Яке аз масъалаҳое, ки дар зиндагӣ вуҷуд дорад издивоҷи духтарон ва писарони ҷавон аст. Ҳарчанд ин масъала барои падар ва модари ҷавонон ва худи онҳо масъалаи муҳим, сарнавиштсоз, шод ва ширин аст, вале ба хотири бархе аз иқдомҳо ва расму оинҳои мавҷуд издивоҷ дер анҷом мешавад ё бо мушкилот рӯ ба рӯ мешавад ва мумкин аст ширинӣ ба талхӣ табдил шавад.
 Пас чӣ бояд кард? Ҷавонон чӣ вижагӣ бояд дошта бошанд? Масъулияти падар ва модар дар ин масъалаи муҳимм чист? Чӣ меъёрҳо асл ва кадом фаръ аст? Ва ...
 Барои посух ба ин саволҳо ба сӯроғи Қуръони Карим меравем то бо вазоифи худ ошно шавем ва ҳуқуқи дигаронро риоят намоем.
 Баъд аз ин ки ҳазрати Мӯсо (а) худро муаррифӣ кард ва яке аз духтарони ҳазрати Шуъайб(а) пешниҳоди истихдоми ҳазрати Мӯсо(а)-ро бо далоил зикр намуд ҳазрати Шуъайб(а) фармуд:
 قالَ إِنِّي أُرِيدُ أَنْ أُنْكِحَكَ إِحْدَى ابْنَتَيَّ هاتَيْنِ عَلى أَنْ تَأْجُرَنِي ثَمانِيَ حِجَجٍ فَإِنْ أَتْمَمْتَ عَشْراً فَمِنْ عِنْدِكَ وَ ما أُرِيدُ أَنْ أَشُقَّ عَلَيْكَ سَتَجِدُنِي إِنْ شاءَ اللَّهُ مِنَ الصَّالِحِينَ
 [Ҳазрати Шуъайб] гуфт: Ман ме‏хоҳам яке аз ин ду духтаронамро ба ҳамсарии ту дароварам ба ин шарте, ки ҳашт сол барои ман кор кунӣ ва агар онро то даҳ сол афзоиш диҳӣ,  ихтиёр бо туст. Ман намехоҳам кори сангине бар дӯши ту бигузорам ва агар Худо бихоҳад маро аз солеҳон хоҳӣ ёфт. (Қасас/27)
 паёмҳое, ки аз ин оя меомӯзем:
 1.  Падари духтар бо ҷавон оддӣ бархурд кунад ва ба назари фарзандон таваҷҷӯҳ кунад. (ояти 25) ва пешниҳоди духтараш (ояти 26)
 2.  Домодро бишиносад. (ояти 25) ва пешниҳоди духтараш (ояти 26)
 3.  Фурсатро ғанимат башуморд.
 4.  Хостаи худро баён кунад. 
 5.  Ҷиддӣ баён кунад.
 6.  Ба фикри ҳалли мушкили хонавода ва таъмини ниёзҳо бошад. Коргар ва ҳамсари духтар.
 7.  Дар ҳалли мушкилот ба авлавиятҳо таваҷҷӯҳ кунад. Таваҷҷӯҳ ба ниёзи ғаризаи ҷинсӣ ва шаҳват баъд кор.
 8.  Ҷомеънигар бошад.
 9.  Пешниҳоди издивоҷи духтарашро бидиҳад.
 10.  Ба ризоят ва назари духтараш таваҷҷӯҳ кунад. (дар ояти 26)
 11.  Падар ҳаққи вилоят дорад.
 12.  Дар амри издивоҷ ҳама ҷо риояти навбат миёни духтарон лозим нест. Бино бар ин агар домоди дорои шароит пайдо шуд бузургӣ ва кӯчакии духтаронро баҳона накунем.
 13.  Байни духтарон фарқ нагузорад. 
 14.  Бо отифа ва меҳрубонӣ бархурд кунад.
 15.  Ба домод ҳаққи интихоб бидиҳад.
 16.  Ақди дуто хоҳар дар як замон мамнӯъ аст.
 17.  Духтар ва писар метавонанд дар ҳангоми хостгорӣ ҳамдигарро бибинанд.
 18.  Издивоҷ бо маҳрия ҳамроҳ аст.
 19.  Лозим нест маҳрия мол ва сарват бошад.
 20.  Лозим нест маҳрия билфеъл бошад, балки метавонад билқувва бошад.
 21.  Аввал ҳадди ақаллро пешниҳод кунад ва бештарро дар ихтиёри домод бигузорад.
 22.  Қарордод бояд шаффоф бошад. 8-10 сол
 23.  Корҳои худро ранг ва бӯи Худоӣ ва маънавӣ бидиҳад. Ҳаҷ
 24.  Ҳиммати домодро боло бибарад. 10 ихтиёрӣ ва ба ҳиммати туст.
 25.  Дар баргузории маросими издивоҷ ва пардохти маҳрия сахтгирӣ накунад ва ба домод фишор наёрад.
 26.  Маҳрия нишонаи садоқати домод аст то ҳадде, ки ба машаққат наафтад.
 27.  Ба домод умед ва оромиши хотир бидиҳед.
 28.  Ба Худо такя кунад на ба худ.
 29.  Касоне, ки ба коргарон ва зердастони худ сахтгирӣ накунанд афроди солеҳ ҳастанд.
 30.  Таваҷҷӯҳ ва иқдом барои ҳалли мушкил ва осон гирифтани корҳо амали солеҳ ва маъруф аст.
 31.  Эҷоди машаққат ва сахтӣ дар корҳо, амали носолҳ ва мункар аст.
 Пас падар ва модаре, ки аз қувват ва қудрат ва аҳли кор ва амонатдор будани ҷавон мутмаин шуданд ва пешниҳоди издивоҷи духтаршонро доданд ва бузургӣ ва кӯчакӣ ва риояти навбатро дар мавриди духтари мунтахаб ва надоштани имконоташро баҳона накарданд ва дар таъйини маҳрия ва анҷоми амри издивоҷ ба домод фишор наёварданд ва сахтгирӣ накарданд инсонҳои солеҳе ҳастанд.
 Солеҳ шуданд чӣ мешавад?
 1.  Ҳамроҳӣ бо солеҳон дуои пайғамбарон аст.
 2.  Доштани баракот барои наслҳои баъд.
 3.  Тамоми мусулмонон дар намозҳояшон аз Худо роҳи солеҳонро мехоҳанд.
 4.  Тамом мусулмонон ҳама рӯза борҳо дар намозҳояшон барои солеҳон дуруд ва салом мефиристанд. Дар ташаҳҳуд мехонем: Ассалому алайно ва ало ибодиллоҳис солеҳин яъне салом бар мо ва бар падари арӯси бедарди сар.
 Фоидаи салом фиристодан чист?
 Салом фиристодан яъне ин ки ман дӯст дорам, ки шумо дар саломат ва амният бошед (яъне мехоҳам, ки тамоми хубиҳо насиби шумо шавад ва аз тамоми бадиҳо маҳфуз бошед).
 Мумкин аст сахтгирӣ дар амри маҳрия ба ду сабаб бошад: 1) ба дунболи манфиати зиёд ё 2) ба дунболи рафъи нигаронӣ аз оянда (талоқ)-и духтараш аст.
 Дар ҳоле ки ба баракати дуои мусулмонон, ки дар миёни онҳо ҳатман авлиёи мустаҷобуддаъвати илоҳӣ ҳастанд ба хотири осонгирии падар ва модар ба ҳар ду ҳадаф мерасанд: ончи ба салоҳ ва боиси хушбахтии онҳо аст ва аз бадиҳо дар амон хоҳанд монд.
 Пас падар ва модари азиз! Агар шумо ингуна ҳастед бидонед, ки монанди бандагони хуби Худо ва назар Худо амал кардед ва Худоро шукр кунед ва агар ингуна нестед тасмим бигиред ин гуна бишавед ва аз Худо тавфиқ бихоҳед.
 Оё ҳашт сол кор ба унвони маҳрия кам аст?
 Агар бидонем, ки ҳазрати Мӯсо(а) чӣ ҳоле дошт ва ба чӣ чизе расид мебинем, ки зиёд ва сахт нест.
 Ҳазрати Мӯсо ба ҳама чиз ниёз дошт ва чун аз Худо хост ба ҳама расид.
 1 ) ноамн буд амният ёфт.
 2 ) ғариб буд ошно ёфт.
 3 ) бехона буд хона ёфт.
 4 ) гурусна буд сер шуд.
 5 ) бекор буд шуғл ёфт.
 6 ) беҳамсар буд соҳиби ҳамсар шуд.
 7 ) ва....
 Агар диққат кунем мебинем, ки ҳазрати Мӯсо ва занаш 2 нафар буданд, ки бояд барои таъмини ниёзҳои худ кор мекард. Боқӣ мемонад ҳазрати Шуъайб, ки падари занаш аст ва хоҳари ҳамсараш, ки баъд аз муддате ҳамсар мекунад ва меравад ва хеши ӯ ҳастанд. Пас ҷои дӯре харҷ намекунад.
 Биёед расми хуби хостгорӣ, меъёрҳо, таъйини маҳрия, баргузории маросими издивоҷро аз бандагони хуби Худо ёд бигирем то духтарон ва писарони мусулмон бе ин ки ба машаққат бияфтанд ва осеб бибинанд ба хонаи бахт бираванд ва хушбахт бошанд.
 Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ
Абдусалом

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст