Худои Мутаол дар ояти 23 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
وَلَمَّا وَرَدَ مَاءَ مَدْيَنَ وَجَدَ عَلَيْهِ أُمَّةً مِنَ النَّاسِ يَسْقُونَ وَوَجَدَ مِنْ دُونِهِمُ امْرَأتَيْنِ تَذُودَانِ قَالَ مَا خَطْبُكُمَا قَالَتَا لَا نَسْقِي حَتَّى يُصْدِرَ الرِّعَاءُ وَأَبُونَا شَيْخٌ كَبِيرٌ
Ва чун Мусо ба (чоҳи) оби Мадян расид, гуруҳе аз мардумро дар атрофи он дид, ки ба сероб кардани (чорпоёни хеш) машғуланд ва дар канори онон ду занро дид, ки муроқиб буданд, (то гусфандонашон бо гусфандони дигар омехта нашаванд. Пас Мусо назди онон рафт ва ба онон) гуфт: Шумо (ин ҷо) чӣ мехоҳед? Гуфтанд: Мо (барои парҳез аз якҷоягӣ бо мардон, гусфандони худро) об намедиҳем, то ин ки ҳамаи чупонон хориҷ шаванд ва (ҳузури мо дар ин ҷо барои он аст, ки) падари мо пирамарди куҳансол аст.
Бояд бидонем:
Тазудони «تذودان» аз модаи завд «ذود» ба маънои манъ ва пешгирӣ кардан аст.
Дар ин оят, калимаи ваҷада «وَجَدَ»  ду бор такрор шуда, ки нишонаи ду нигоҳи ҷудогона аст, дар ҳоле ки агар мардон ва занон дар канори ҳам буданд бо як нигоҳ дида мешуданд.
Аз ин ояти шарифа меомӯзем:
1.Обҳо аз манобеи миллӣ ҳастанд, на амволи шахсӣ. «ماء مدين... النّاس يسقون»
2.Аз ҳаё ва заъфи занон, сӯиистифода накунем. Агар қонун ва ҳимояте набошад, бисёре аз мардон, ҳуқуқи занонро нодида мегиранд.
 «اُمّة... يَسقون و وَجد من دونهم امرأتين»
3.Ҳарим миёни зану мард арзиш аст, ки духтарони ҳазрати Шуайб(а) онро риоят мекарданд. «و وجَدَ من دونهم امرأتين»
4. Аз мавқеияти худ суистифода накунем. «و وجَدَ من دونهم امرأتين»  (Ин ду зан, духтарони Шуайби паёмбари Худо буданд, вале аз мардум нахостанд, то ба хотири падарашон, роҳеро барои онон боз кунанд.)
5. Духтарони паёмбари Худо чупонӣ мекунанд, вале ҳаргиз тан ба зиллат ва гадоӣ намедиҳанд. «امرأتين تذودان»
6. Ҳолати бархурди ҳазрати Мусо ба мардон ва он ду зан яксон буд. وجد-وجد
7. Ба онҳо нигоҳи муҳтарамона дошт. Ду зан дар ҳоле ки он ду духтари ҷавон буданд. Ё духтарони ҳазрати Шуайб(а) худро аз нигоҳи номаҳрам чунон ҳифз мекарданд, ки ҳассосият эҷод накунанд. امرأتين
Чупонӣ шуғли бисёре аз анбиёи Илоҳӣ буда аст. «و أبونا شيخ كبير»  Агар падари мо пир набуд, худаш чупонӣ мекард.
8.Мушкилоти шахсӣ моро аз ҳимояти дигарон боз надорад. «ماخَطبُكما»  (Мусо, ки ҷонаш дар хатар ва дар ҳоли гурехтан буд, аз кӯмак ва ҳимояти дигарон даст набардошт.)
9.Ҳимоят аз занон як арзиши инсонӣ аст. «ماخَطبُكما»
10.Гуфтугӯи мард бо зан дар сурати лузум, монеъе надорад. «ماخَطبُكما»
11.Саъй кунем дар сухан гуфтан бо номаҳрам, хулоса сухан бигӯем. Гуфт: Чаро ин ҷо истодаед? «ماخَطبُكما»
12.Нисбат ба ончи дар атрофи мо мегузарад, бетафовут набошем. «ماخَطبُكما»
13.Ҳузури зан барои кор дар берун аз хона ҷои савол ва ниёз ба далел дорад. «ماخَطبُكما» و أبونا شيخ كبير
14. Кори зан дар берун аз манзил ишколе надорад, ба шарти он ки :
-Зан дар муҳити кор, танҳо набошад. Ду зан «امرأتين»
- Бо мардон якҷоя набошад. «من دونهم - لانسقى حتّى يصدر الرّعاء»
- Марде, ки тавони кор дошта бошад, дар хонавода набошад. «أبونا شيخ كبير»
15.Агар дар мавзеи ғайри оддӣ қарор дорем аз худ дафъи шабҳа кунем. «أبونا شيخ كبير»
16.Вақте падар ва ноновари хонавода аз кор биафтад ҳамаи фарзандон, ҳатто духтарон низ масъули таъмини харҷ ҳастанд.«أبونا شيخ كبير»

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст