Худои Мутаол дар ояти 21 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
فَخَرَجَ مِنْهَا خَائِفًا يَتَرَقَّبُ قَالَ رَبِّ نَجِّنِي مِنَ الْقَوْمِ الظَّالِمِينَ
Пас (Мусо) аз шаҳр хориҷ шуд, дар ҳоле ки нигарон ва тарсон буд. Гуфт: Парвардигорам, маро аз (дасти) ин гуруҳи ситамгар наҷот бидеҳ.
Аз оят меомӯзем:
1. Дар ҳолатҳои фавқулода фаврӣ бояд амал кард ва фурсатро аз даст надод. فَ 
2. Муслиҳони ҷомеа бояд ҳамеша омодагии ҳиҷрат ва оворагиро дошта бошанд. «فَخَرج»
3. Ба ҳушдорҳои дилсӯзона баҳо диҳем ва насиҳати дигаронро бипазирем ва амал кунем. «فَاخرُج - فَخَرَج»
4. Шуҷоат ба маънои дар дастраси душман қарор гирифтан нест. «فخَرَج»
5. Зиндагии анбиё(а) ва муслиҳон ғолибан бо оворагӣ ва изтироб ҳамроҳ буда аст. «فخَرَج»
6. Саъй ва ҳиммати худро ба кор барем, вале наҷотро аз Худованд бихоҳем. «فخَرَج - قال رَبّ نَجّنى»
7. Дуо бояд бо талош ва ҳаракат ҳамроҳ бошад.
 «فخَرَج منها - قال رَبّ نَجّنى»
8. Раҳбарони илоҳӣ, дар ҳамаи ҳолот аз Худованд кӯмак мехоҳанд. «ربّ نَجّنى من القوم الظالمين»
9. Касоне, ки қасди куштани муслиҳонро доранд золим ҳастанд.القوم الظالمين
10. Фиръавн ба танҳоӣ коре наметавонад бикунад, ин атрофиён ва фармонбардорони ӯ ҳастанд, ки қивом меёбад.القوم الظالمين

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст