Худои Мутаол дар ояти 20 сураи Қасас мефармояд:
وَجَاءَ رَجُلٌ مِنْ أَقْصَى الْمَدِينَةِ يَسْعَى قَالَ يَا مُوسَى إِنَّ الْمَلَأَ يَأْتَمِرُونَ بِكَ لِيَقْتُلُوكَ فَاخْرُجْ إِنِّي لَكَ مِنَ النَّاصِحِينَ
Ва (дар ин ҳангом) марде аз дуртарин нуқтаи шаҳр (ки маркази фармондеҳии фиръавниён буд) шитобон (ба сӯи ӯ) омаду гуфт: Эй Мусо, ҳамоно сарони қавм дар мавриди ту машварат мекунанд, то туро бикушанд. Пас (зуд аз ин ҷо) берун рав. Ҳамоно ман аз хайрхоҳон ва дилсузони ту ҳастам.
Бояд бидонем:
Мурод аз калимаи марде «رَجُل»  дар ин оят ҳамон мӯъмини оли Фиръавн аст, ки сураи Мӯъмин (Ғофир) ба номи ӯст. Ӯ имонашро махфӣ ва ба Мусо(а) кӯмак мекард.
Баъд аз ин ки тарафдори Мусо(а) кушта шудани фиръавниро ба дасти Мусо(а) фош кард, фиръавниён фаҳмиданд ва ҷамъ шуданд ва тасмим гирифтанд, ки Мусо(а) бикушанд.
Кохи Фиръавн берун аз шаҳр буд.
Аз ин ояти шарифа меомӯзем:
1.Ҳазрати Мусо(а) дар дарбори Фиръавн, омили нуфузӣ ва тарафдор дошт. «جاء رجل»
2.Кӯмак ба золим дар ҳар шакле ҳаром аст, вале вуруд ва нуфуз дар дастгоҳ барои кӯмак ба аҳли имон кори писандида аст. «جاء رجل» 
3. Хайрхоҳоне, ки дар ҳукумати фиръавнӣ ҳузур доранд дар ҳолатҳои фавқулода барои ҳушдор ба солеҳон биёянд. «جاء رجل»
4. Афроди нуфузӣ бояд ношинос бимонанд. رجل  
5.Тоғутҳо барои амният ва осоиши бештари худ, дар миёни мардум ва маркази шаҳр зиндагӣ намекунанд.«اَقصَى المدينة»
6. Дар ҳифзи ҷони мардум, ҳамаи талоши худро ба кор бигирем. Ҳолатҳои фавқулода ҳаракати фавқулода мехоҳад. Шитоб мекард. «يَسعى‏»
7.Гоҳ, хабаррасонии ба мавқеъ ва сузу суръат дар кор, сарнавишти як миллатро дигаргун мекунад. «يسعى‏» (Чи басо, ки агар ин мард, ахборро ба Мусо намерасонд ва он ҳазрат аз шаҳр берун намерафт, ба дасти маъмурони Фиръавн кушта мешуд.)
8.Як инсони инқилобӣ мисли Мусо, ҷабҳаи куфр ва сарони онро ба ваҳшату изтироб ва такопӯ меандозад. «اِنّ المَلاء يَأتَمِرون»
9. Тасмими онҳо ҷиддӣ буд. اِنّ
10. Афроде дар ҷаласаҳои амниятии фиръавнӣ ширкат мекунанд, ки чашм ва даҳан пуркун ҳастанд. المَلاء
11.Атрофиёни тоғутҳо низ дар ҷурм ва ҷинояти онҳо шарик ҳастанд . «يَأتَمِرون بك»
12.Ифшои тавтеаҳо ва тарҳҳои хоинона воҷиб аст. «يَأتَمِرون بك»
13. Аз даст додани фурсат ҷоиз нест. Фаврӣ бояд амал кард. فَاخْرُجْ
14. Дар баъзе ҳолатҳо ниёз аст, ки аз минтақа берун рафт. فَاخْرُجْ
15. Хабари фавқулода бояд ҷиддӣ, қотеъ ва сареҳ баён шавад. إِنِّي
16. Хабар аз рӯи хайрхоҳӣ бошад. إِنِّي لَكَ مِنَ النَّاصِحِينَ
17. Ба суханони хайрхоҳон бояд амал кард. إِنِّي لَكَ مِنَ النَّاصِحِينَ
18. Агар наметавонед дифоъ кунед ҳадди ақал ҳушдор ва хабар барои ҳифзи ҷонро бирасонед.فَاخْرُجْ إِنِّي لَكَ مِنَ النَّاصِحِينَ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст