Худои Мутаол дар ояти 18 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
فَأَصْبَحَ فِي الْمَدِينَةِ خَائِفًا يَتَرَقَّبُ فَإِذَا الَّذِي اسْتَنْصَرَهُ بِالْأَمْسِ يَسْتَصْرِخُهُ قَالَ لَهُ مُوسَى إِنَّكَ لَغَوِيٌّ مُبِينٌ
Вале аз он пас Мусо ба сабаби ин қатл дар шаҳр нигарон ва тарсон гардид (ва ҳар лаҳза интизори ҳодисаеро мекашид.) Пас ногаҳон (дид) ҳамон касе, ки дирӯз аз ӯ кӯмак хоста буд боз аз ӯ кӯмак мехоҳад! Мусо ба ӯ гуфт: Ба дурустӣ ки ту дар гумроҳӣ ва гуноҳкории ошкор ҳастӣ!
Аз ин оят меомӯзем:
1 Ҳар тарсе мазмум нест. Тарс аз нарасидан ба ҳадафҳои худ ва ё дастёбии душман ба орзуҳояш писандида аст. «خائفاً»
2 Аз бозтоби корҳо ва тасмимоти худ муроқибат кунем «يَتَرقّب»
3 Тарсу нигаронӣ ва муроқибат оре, вале таътил кардани ҳузур дар шаҳр ва кӯмак ба ниёзмандон не. فَأَصْبَحَ فِي الْمَدِينَةِ خَائِفًا يَتَرَقَّبُ
4 Солеҳон аз атроф ба миёни мардум меоянд (ояти қабл-ба шаҳр даромад) ва ин оя дар шаҳр.  فِي الْمَدِينَةِ
5 Омодаи кӯмакхоҳӣ ва дастгирии ногаҳонии ниёзмандон бошем. فَإِذَا
6 Кӯмак хостан аз солеҳон собиқа дорад. اسْتَنْصَرَهُ
7 Бояд аз солеҳон кӯмак бихоҳем. اسْتَنْصَرَهُ
8 Маҳрумон ҳар рӯз ба кӯмак ниёз доранд. اسْتَنْصَرَهُ بِالْأَمْسِ
9 Маҳрумон ба фарёдрасии солеҳон бовар доранд ва онро таҷруба кардаанд. اسْتَنْصَرَهُ بِالْأَمْسِ
10 Мусо(а) дар кохи Фиръавн зиндагӣ мекард, вале бо мардум робита дошт ва дар миёни онон ба унвони шахси ислоҳгар шӯҳрат ёфта буд «يَستَصرخُه»
11 Сухан бигӯед, то мавзеи шумо ва вазъияти дигарон ошкор шавад. قَالَ
12 Мавзеи худро ошкор ва қотеъ баён кунед. (Инна-ла-ғавиюн мубин)
13 Агар дар ҷое вазифа махфӣ мондан аст ва бояд ба хотири масолеҳе аҳдоф пушида бимонад, набояд ҳар рӯз даст ба таҳаррук ва ошубе зад ва риоят накардани ин мавзӯъ гуноҳ ба ҳисоб меояд «اِنّك لَغَوىٌّ مُبين»
14 Худиҳои бедиққатро бояд сарзаниш кард ва набояд ба хотири ҳизб ва гуруҳ, хилофи ононро нодида гирифт. «اِنّك لَغَوىٌّ مُبين»

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст