Худои Мутаол дар ояти 17 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
قَالَ رَبِّ بِمَا أَنْعَمْتَ عَلَيَّ فَلَنْ أَكُونَ ظَهِيرًا لِلْمُجْرِمِينَ
Сипас Мусо гуфт: Парвардигори ман, ба хотири (қудрат) ва неъмате, ки бар ман додаӣ пас ҳаргиз пуштибони табаҳкорон нахоҳам буд.
Бояд бидонем:
Шояд мурод аз “неъмат” дар ҷумлаи анъамта алая «انعمت علىَّ» ғуфрон ва бахшиши Илоҳӣ бошад.
Бояд биёмӯзем:
1 Ният ва хостаи худро ба забон биёред то шахсияти шумо шинохта шавад ва дигарон ҳам ёд бигиранд. قَالَ
2 Аз касе бихоҳем, ки барои тарбияти мо ва ҳастӣ барнома дорад. رَبِّ
3 Неъматҳои Илоҳӣ шукронаи амалӣ мехоҳад. بِمَا أَنْعَمْتَ
4 Ҳамаи неъматҳоро аз Худо бидонем. أَنْعَمْتَ عَلَيَّ
5 Неъмат масъулият дорад. عَلَيَّ
6 Донистани неъмат аз Худо ва ёдоварии он заминаи шинохт ва амал ба вазифа аст. بِمَا أَنْعَمْتَ عَلَيَّ فَلَنْ أَكُونَ
7 Аҳли ҳақ ва неъмат ҳеҷ гоҳ ёвари муҷримон ва гунаҳкорон намешавад. فَلَنْ أَكُونَ ظَهِيرًا
8 Қудрати ҷисмӣ аз неъматҳои Илоҳӣ аст  ва бояд дар дифоъ аз мазлум ва дафъи золим бошад.  «بما اَنعمتَ علىَّМусо(а) қудрате дошт, ки бо як мушт тавонист кофиреро аз пой дароварад.
 9 Шукри неъматҳои Илоҳӣ дурӣ аз ситам ба дигарон аст. «بما اَنعمتَ علىّ فلَن أكون ظَهيراً للمجرمين»
10 Ҳамкорӣ бо гунаҳкорон низ гуноҳ аст.  «فلن أكونَ ظَهيراً للمجرمين»Бо Фиръавн будан ғайр аз фиръавнӣ будан аст. «فلن أكونَ ظَهيراً للمجرمين»Фиръавн бо мушти муҷримон сари кор аст. Бар асоси ривоят “розӣ будан ба гуноҳи дигарон ҳам гуноҳ ба ҳисоб меояд”.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст