Худои Мутаол дар ояти 16 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
قَالَ رَبِّ إِنِّي ظَلَمْتُ نَفْسِي فَاغْفِرْ لِي فَغَفَرَ لَهُ إِنَّهُ هُوَ الْغَفُورُ الرَّحِيمُ
(Мусо) гуфт: Парвардигоро! Ҳамоно ман ба хештан ситам кардам. Пас маро бибахш! Пас (Худованд) ӯро омурзид. Дар ҳақиқат ӯ омурзандаи меҳрубон аст.
Бояд бидонем:
Савол:  Ҷумлаи«ظَلمتُ نَفسى»  ба худам зулм кардам аз забони касе, ки ба паёмбарӣ мерасад чӣ маъно дорад?
Посух: Мурод аз зулм дар ин ҷо гирифтор шудан ба осори иҷтимоии қатли нохоста аст на гуноҳ, то бо мақоми исмат зид бошад. Зеро Худованд ҳазрати Мусоро мухлас  медонад; «اِنّه كانَ مُخلَصاً»  (Сураи Марям, ояти 51) ва касе, ки ба ин дараҷа бирасад дигар гуноҳ намекунад, зеро шайтон худ эътироф карда аст, ки қудрати нуфуз дар мухласинро надорад.«فَبِعزّتِك لاُغويّنّهم اَجمَعين اِلاّ عبادكَ منهُم المخلَصين»  (Сураи Сод, оёти 82-83)
Бояд биёмӯзем:
1.Хостаи худро ба забон биёрем. قال
2.Дар дуо Худовандро бо калимаи муборакаи "Раб" бихонем. «ربّ»
3.Худи дуо навъе тарбият аст, чун роҳи баҳрамандӣ аз тарбияти мураббӣ аст. قَالَ رَبِّ
4.Ҳарчанд кори хилоф нохоста бошад, набояд аз осори табиӣ ва вазъии он ғофил буд. «ظَلمتُ نفسى» (Ҳазрати Мусо(а) ба қасди наҷоти як мӯъмин вориди саҳна шуд ва нохоста фиръавние кушта шуд ва дар воқеъ гунаҳгор ба ҳисоб намеомад, аммо ин амал кори ӯро душвор кард ва ин як офат буд.) فَاغْفِرْ لِي
5.Афроди солеҳ ҳатто дар баробари каҷиҳои нохоста низ зуд истиғфор мекунанд ва аз осори он дурӣ мегузинанд. « فَاغْفِرْ لِي »
 (Ҳазрати Мусо(а) бо истиғфори худ ҳам маҳви осори иҷтимоии кори худ, ҳам бартараф шудани нигаронӣ аз оянда ва ҳам сӯиқасдҳои интиқомҷӯёнаи фиръавниёнро аз Худованд дархост кард.)
6.Дуои анбиё(а) пазируфта шуда аст. «فَغَفرلَه»
7. Бетардид ӯ тавбапазир ва меҳрубон аст. إِنَّهُ هُوَ الْغَفُورُ الرَّحِيمُ
8. Худо роҳи бозгаштро боз гузоштааст. الْغَفُورُ
9. Мағфирати ӯ аз раҳмати хосси ӯ сарчашма мегирад. الْغَفُورُ الرَّحِيمُ
10. Аз дасти шайтон ба домани Худои бахшандаи меҳрубон паноҳ барем. الْغَفُورُ الرَّحِيمُ
11. Агар бо вуҷуди мағфират ва раҳмати хосси Худо аз хубӣ ва хушбахтӣ маҳрум шавем, хеле беҳунар ва айбдор ҳастем.إِنَّهُ هُوَ الْغَفُورُ الرَّحِيمُ
12. Ин роҳ таҷруба шудааст ва натиҷабахш аст. فَغَفرلَه
13. Роҳи дармонро аз равиши паёмбарони Илоҳӣ ёд бигирем.
14. Баёни ин ҳодиса бо ин қаҳрамон худ тарбият кардан ва баёни улгуҳои ҳидоятӣ барои бандагон аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст