Худои Мутаол дар ояти 13 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
فَرَدَدْنَاهُ إِلَى أُمِّهِ كَيْ تَقَرَّ عَيْنُهَا وَلَا تَحْزَنَ وَلِتَعْلَمَ أَنَّ وَعْدَ اللَّهِ حَقٌّ وَلَكِنَّ أَكْثَرَهُمْ لَا يَعْلَمُونَ (13)
Пас мо, (ингуна) ӯро ба модараш баргардонидем, то равшании чашми ӯ бошад ва ғам нахӯрад ва бидонад, ки ҳамоно ваъдаи Худо ҳақ аст, вале бештари мардум намедонанд.
Бояд бидонем:
Гоҳе вақтҳо унвонҳо барои инсон дардисарсоз ва монеъ ҳастанд. Масалан дар ин моҷаро модари Мусо(а) пазируфт, ки ба унвони доя фарзандашро шир диҳад, зеро унвони модар, сабаби кушта шудани фарзанд ва озори модар  мешуд.
Бояд биёмӯзем:
1.Худованд ваъдахилофӣ намекунад. Дар ояти ҳафтум Худованд ваъда дод, ки навзодро ба модар баргардонад ва дар ин оят ӯро баргардонд.
 «انّا رادّوه اليك - رددناه الى‏ اُمّه»
2.Навзод, нури чашми модар аст. «كى تَقَرّ عينها» Агар фарзанд нури чашм аст чаро имрӯз афрод ба он бе майл шудаанд. Дар сурати надоштани фарзанд нороҳатиҳо ва нигарониҳои зиёде занону мардон ва хонаводаҳоро таҳдид мекунад.
3.Барои аҳли ҳақ аҳдоф ва амал ба вазифа муҳим аст, на унвон. «رددناه الى اُمّه»
Саранҷом фарзанд ба оғуши модар бозгашт, агарчи ин бор модар унвони доя дорад, вале унвон муҳим нест, балки баргаштан ва саломати навзод муҳим аст.
4.Модар ба воситаи робитаи маҳкам бо фарзанд, бештарин нақшро дар зиндагии ӯ дорад. «الى‏ اُمّه» (Дар ин ҷо номе аз падари Мусо(а) ба миён наёмадааст.)
5.Гоҳ роздории модар ва хоҳар метавонад ҳаёти инсонро таъмин намояд. «الى‏ اُمّه»  Модар ва хоҳари Мусо(а) солҳо розро пинҳон карданд. Дар шароити ноамнӣ бояд роздор буд.
6.Оқибат сахтиҳо ба сар омада ва фироқ ба висол хоҳад анҷомид. «رددناه الى اُمّه كى تَقَرّ عينها»  Пас аз муддатҳо нигаронӣ ва ғам саранҷом Худованд Мусоро ба модар баргардонд. «اِنّ‏مع‏العسر يسرا
7.Агар Худованд бихоҳад як инсон мояи умед ва нури чашми ду гуруҳи зид (хонадони Фиръавн ва Мусо) мешавад. «قُرّة عينٍ لى ولك - تَقَرّ عينها»
8.Хушҳолӣ ва шодӣ ва ғаму андуҳ, дар биноии инсон таъсир дорад. «تَقَرّ عينها»  Чунонки дурии ҳазрати Юсуф(а) боиси нобиноии ҳазрати Яъқуб(а) гардид.«وابيَضّت عيناه من الحُزن» Сураи Юсуф, ояти 84
9.Имон ба Худованд дорои мароҳил ва дараҷоте аст. Модари Мусо зани мӯъмин буд«رَبَطنا على قلبها لتكون من‏المؤمنين»  аммо як мӯъмин низ бояд ба марҳалаи яқин ва илми боло бирасад. «لتَعلم أنّ وعد اللّه حقّ»
10.Ҳикмат ва далели баъзе ҳаводис, дарки ҳаққонияти ваъдаҳои Худо аст. «لتَعلم أنّ وعد اللّه حقّ»
11.Аксари мардум зоҳирбин ҳастанд ва аз асрори ҳакимона ва нақшаҳои мудаббиронаи Худованд огоҳӣ надоранд. «اكثرهم لا يعلمون»
12. Пайравӣ аз касоне, ки илм надоранд дуруст нест. «اكثرهم لا يعلمون»
13. Аксарият ва ақаллият меъёр нест, балки илм ва ҳикмат ва яқин меъёр аст. Агар ҳазорон сифр (0)-ро канори ҳам бигузорем ҳосил ва суд надорад. «اكثرهم لا يعلمون»
14. Вақте Худо бихоҳад духтарбачае тасмими Фиръаниро таъйин мекунад. «اكثرهم لا يعلمون»
15. Сарнавишти худро бо гӯш додан ва амал кардан ба дастури ҳакими алим дар ихтиёри ӯ бигузорем. Ӯ ба ваъда хилоф намекунад, ваъдаи дуруғ намедиҳад ва бар ҳар чизе тавоно аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст