Худои Мутаол дар ояти 11 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
وَقَالَتْ لِأُخْتِهِ قُصِّيهِ فَبَصُرَتْ بِهِ عَنْ جُنُبٍ وَهُمْ لَا يَشْعُرُونَ
Ва мадари Мусо ба хоҳари ӯ гуфт: Сандуқчаи ҳомили Мусоро дунбол кун. Пас хоҳараш ӯро аз дур зери назар дошт, дар ҳоле ки душманон нафаҳмида буданд, ки ӯ хоҳари Мусо аст ва чӣ ҳадафе дорад?
Бояд бидонем:
Модари Мусо(а), баъд аз он ки фарзандашро дар сандуқчае гузошта ва дар дарё андохт ба хоҳари Мусо(а) дастур дод, то махфиёна ин ҷараёнро пайгирӣ кунад. Ӯ низ дур аз чашми маъмурони ҳукумат, сандуқчаро дунбол кард, то инки аз дарё наҷот ёфт ва дар домони ҳамсари Фиръавн қарор гирифт.
Ӯ ҳамчунон Мусоро зери назар дошт, то ин ки фаҳмид, ки дарбориёни Фиръавн ба дунболи дояе барои шир додани кӯдак ҳастанд, аммо Мусо ҳеҷ синаеро намепазирад. Саранҷом хоҳари Мусо бо тарҳи пешниҳоди доягии модараш ва пазириши дарбор, таъқиб ва муроқибат ва маъмурияташ хотима ёфт.
Бояд биёмӯзем:
1. Модар дар ҳолатҳои ҳассос бояд аз ҳамаи зарфиятҳо истифода кунад. «قالت لاخته
2. Аз гуфтан ва осори он ғофил нашавем. «قالت لاخته
3. Занон ва духтарон низ бояд аз тадбирҳои лозим дар масоили иҷтимоӣ бархурдор бошанд. «قالت لاخته قصّيه»
4. Дар корҳои ҳассос вазифаҳоро ба дигарон вогузор кунем. «لاُخته»  Дар моҷарои Мусо(а) ҳассосият бар рӯи модар бештар буд ва имкон дошт, ки нақша фош гардад.
5. Таваккул ба Худо ба маънои бетафовутӣ дар масоил нест. Бо ин ки модари Мусо(а) зани боимоне буд, вале боз ҳам духтарашро ба дунболи сандуқча фиристод.«من المؤمنين، قالت لاخته قُصّيه»
6. Дар бархурд бо низомҳои тоғутӣ ва хафақоновар, таъқиб ва муроқибат амри зарурӣ аст.  «قُصيّه»
7. Фаврӣ  ва номаҳсус иқдом кардан имтиёз аст. Дар мавқеиятҳои ҳассос талаф кардани вақт дуруст нест. فبصرت
8. Барои ҳифзи асрор оддисозӣ дар рафтор лозим аст. «عن‏جُنُب» Хоҳари Мусо(а) аз дур сандуқчаи бародарашро зери назар дошт, то ин муроқибат бисёр оддӣ бошад ва сабаби ҳассосият ва таҳрики душман нашавад.
9. Мӯъмин бояд вазифаи худро дур аз чашми душман ва боэҳтиёт анҷом диҳад. «و هم لا يشعرون»
10. Барои он ки душман ба аҳдофи мо пай набарад, ҳаракоти худро дар муқобили ӯ ҳифз кунем. «و هم لا يشعرون»
11. Касе, ки шуур надорад чигуна иддаои худоӣ мекунад. «و هم لا يشعرون»
12. Он чӣ Худо бихоҳад ҳамон мешавад. Мушкили аслии фиръавниён бешуурӣ аст. «و هم لا يشعرون»

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст