چاپ

Абаса;

Ин сура дар Макка нозил шуда ва дорои 42 оят мебошад;

 

Ба номи Худованди бахшандаи бахшоишгар

 

1 Чеҳра дарҳам кашид ва рӯй гардонд.
2 Аз ин ки нобиное ба наздаш омада буд.
3 Тӯ чӣ медонӣ, шояд ӯ покӣ ва тақво пеша кунад.
4 Ё андарз мешунавид ва ин андарз ба ҳоли ӯ судманд бошад.
5 Аммо он касе, ки тавонгар аст.
6 Тӯ ба ӯ рӯй меоварӣ.?
7 Дар ҳоле, ки агар ӯ худро пок насозад чизе бар ту нест.
8 Аммо касе, ки ба сӯроғи ту меояд ва кушиш мекунад.
9 Ва аз Худованд тарсон аст.
10 Ту аз ӯ ғофил мешавӣ?
11 Ҳаргиз чунин нест (ки онҳо мепиндоранд) ин (Қуръон) тазаккур ва ёдоваре аст.
12 Ва ҳар кас бихоҳад аз он панд мегирад.
13 Дар Лавҳи пур арзиш сабт шуда аст.
14 Лавҳҳои волоқадр ва покиза.
15 Ба дасти сафироне аст,
16 Воломақом ва фармон бардор ва некўкор.
17 Марг бар ин инсон, ки чӣ қадар кофир ва носипос аст.
18 (Худованд) ӯро аз чӣ чиз офарида аст.
19 Ӯро аз нутфаи ночизе офарида аст сипас андозагирӣ  кард ва мувзун сохт.
20 Сипас роҳро барои ӯ осон кард.
21 Баъд ӯро миронд ва дар қабр пинҳон намуд.
22 Пас ҳаргоҳ бихоҳад ӯро зинда мекунад.
23 Чунин нест (ки ӯ мепиндорад) ӯ ҳанӯз ончиро (Худованд) фармон дода итоъат накарда аст.
24 Инсон бояд ба таъоми хеш (ва офариниши он) бингарад.
25 Мо оби фаровон аз осмон фурӯ рехтем.                 
26 Сипас заминро аз ҳам   шикофтем
27 Ва дар он донаҳои фаровон рӯёндем
28 Ва ангӯр ва сабзаҷоти бисёр
29 Ва зайтун ва дарахти хурмои фаровон   
30 Ва боғҳои пурдарахт.
31 Ва меваю чарогоҳ.
32 То василае барои баҳрагирии шумо ва чорпоёнатон бошад.
33 Ҳангоме, ки он садои ваҳшатнок <сайҳаи растохез> биёяд (кофирон дар андӯҳи фаровон фуру мераванд).
34 Дар он рўз, ки инсон аз бародари худ мегурезад.
35 Ва аз модару падараш.
36 Ва зану фарзандонаш.
37 Дар он рӯз ҳар кадом аз онҳо вазъе доранд, ки ўро комилан ба худ машғӯл месозад.
38 Чеҳраҳое дар он рӯз гушода ва нуронӣ аст.
39 Хандон ва масрур аст.
40 Ва чеҳраҳое дар он рӯз ғуборолӯда аст.
41 Ва дуди торике онҳоро пӯшонида аст.
42 Онҳо ҳамон кофирони бадкоранд.

زیر مجموعه: Маориф
بازدید: 1648