Намоз бо рӯза омадааст: Аз сабр ва намоз кӯмак бигиред. Бақара, 45
Дар тафосир мурод аз сабрро рӯза донистаанд.
Намоз бо закот: Намозро барпо медоранд ва закотро мепардозанд. Тавба/71
Намоз бо ҳаҷ: Ва пушти мақоми Иброҳим ҷои намоз (и ҳаҷ) бигиред. Бақара/125
Намоз бо ҷиҳод: Ва ҳар вақт дар миёни онҳо (дар ҷиҳод) будӣ ва намозро бо онҳо барпо доштӣ. Нисо/102
Имом Ҳусейн (а) зӯҳри Ошуро намоз хонд ва дар симои размандагон дар Қуръон ҷумлаи “ибодаткунандагони ҳамлакунанда” (Тавба/112)-ро ми‏хонем.
Намоз бо амри ба маъруф ва наҳй аз мункар: Луқмони Ҳаким ба фарзандаш мегӯяд: «Эй фарзанди азизам, намозро барпо дор ва амри ба маъруф ва наҳй аз мункар кун» Луқмон/17
Намоз бо адолати иҷтимоӣ: «Парвардигорам ба адолат ва қист амр кардааст ва сӯрати худро назди ҳар масҷид ба сӯи Худо кунед.» Аъроф/29
Намоз бо тиловати Қуръон: «Китоби Худоро тиловат мекунанд ва намозро барпо медоранд» Фотир/29
Намоз бо машварат: «Ва корҳояшон дар миёни худ бо машварат аст ва намозро барпо медоранд» Шуро/38

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст