Аввалин вазифаи мо пас аз шинохти Худо робита бо ӯ ҳаст ва ин ки ӯро ба хотири неъмат‏ҳое, ки ба мо додааст, дӯст бидорем.  Агар касе як суратгирак ба мо ҳадя кунад, то охири умр ӯро дӯст дорем ва ӯро фаромӯш намекунем. Худованд дуио ба мо додааст. Ду чашми зебо, ки як умр аз дӯру наздик, сиёҳу сафед ва аз зовия‏ҳои мухталиф сурат мегирад. Дӯрбини сабук, кӯчак, зариф, зебо, дар ҷое маҳкам ва муносиб.

Худованд ин ду суратгирро дар ҷуқурӣ қарор дода то ба гунаҳои муносиб ҳифз шавад, илова бар он ки пилк, мижа ва абрӯ низ аз вуруди ашёъи хориҷӣ ва нури шадид ба чашм пешгирӣ мекунанд.  Ин суратгирҳо бо ҳамин кӯчакӣ, робитаи моро бо ҷаҳони атрофамон барқарор миекунанд ва мо ме‏тавонем шигифти‏ҳо ва зебоиҳои ҷаҳони бузургро бибинем.  Ин суратгир‏ҳо байни мо ва донишмандон бо мутолиаи китоб‏ҳои онон робита барқарор ме‏кунанд. он моро аз хатарот пеш рӯ ҳифз мекунанд. Аз роҳи мутолиа ба дониши мо меафзоянд ва бо онҳо ҳама чизро ме‏шиносем. Рӯзона ҳазорон акс мегирад, вале хаста наме‏шавад.  Дар ҳар неъмате аз неъмат‏ҳои Худои бузург каме фикр кунем, алоқаи мо ба Офаридагор зиёд ме‏шавад.

Ин алоқа аввалин робитаи мо бо Худост.  Робитаи дигар шукри Худованди меҳрубон аст. Агар ҳадяи як суратгир ва камера ташаккур ме‏хоҳад, ҳадяи чашмҳои зебо ташаккуре чанд баробар мехоҳад.  

Шукри Худо дар чист?  

Шукри Худо он аст, ки дар беҳдошти чашм кӯшо бошем. Оби олуда ба суратамон назанем. Бо шиками пур мутолиа накунем. Бо мутолиаи навиштаҳои рез ва дар фазое, ки нури кофӣ нест, ба чашмони худ осеб назанем. Бо чашми худ гуноҳ накунем ва касеро натарсонем.  Нигоҳи меҳромез ба падару модар ибодат аст. Нигоҳ ба Қуръони Карим ва Каъба ибодат аст. Нигоҳ ба олимону раҳбарони динӣ ибодат аст. Дидори бандагони хуби Худо ибодат аст ва агар аз дунё рафтаанд, зиёрати қабри он‏ҳо ибодат аст.  Гуфтани‏ “Алҳамду лиллоҳи раббилъоламин‏” Сураи Ҳамд, оя 2.  шукри забонӣ аст, вале беҳтарин навъи шукр намоз хондан аст. Қуръон мефармояд: “Фаляъбуду рабба ҳозалбайти аллазӣ атъамаҳум мин ҷуъив ва оманаҳум мин хавфи” Сура Қурайш, оёт 3- 4.. Ба шукронаи ин ки Худованд мардумро аз ноамнӣ ва гуруснагӣ наҷот дод, бояд Худои Каъбаро ибодат кунанд. Намоз дар ҳамаи дин‏ҳои осмонӣ будааст.  

Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва Олиҳ) фармуд: «Дар дине, ки намоз набошад, хайре нест.»  Ба ростӣ агар намоз набошад хуби‏ҳои дигар корсоз намиешавад, ҳамон‏гуна ки агар сӯзан набошад, ришта‏ҳо чизеро намедузанд.  Агар милиса аз ронандаҳ‏о гувоҳиномаи ронандагӣ хост ва ӯ надошт, автомобилро нигаҳ медорад ва ронандаро ҷарима ме‏кунад, ҳатто агар мадраки донишгоҳӣ ва ё гувоҳии маҳорати дигаре дошта бошад.

 Биёем ҳар рӯз чанд дақиқа бо Худои худ сухан бигӯем. Ростӣ чаро бо ҳама кас сухан бигӯем, вале бо ӯ сухан нагӯем? Мо Худоро дӯст дорем ва ҳар кас фардеро дӯст дорад, ме‏хоҳад бо ӯ сухан бигӯяд.  Барои ин ки ҳамаи мо инсонҳо ба таври якнавохт бо Худои бузург сухан бигӯем, Худованд инсонро роҳнамоӣ карда, ки ҳама ба як су, рӯ ба қибла ва бо бадан ва либоси пок, қалби равшан ва нияти холис ва бо як забон ба намоз биистанд. Ҳамон‏гуна ки тамоми халабон‏ (лётчик)-ҳои дунё агар бихоҳанд бо фурудгоҳи ҳар кишваре ҳарф бизананд бояд бо забони англисӣ сухан бигӯянд, мо низ бояд намозамонро ба забони арабӣ бихонем. Оре, як забон нишонаи ваҳдати худопарастон аст.  

Ин намоз замоне ба мо рушди бештаре ме‏диҳад, ки дар макони муқаддасе мисли масҷид ва дар замони аввали вақт ва ба ҷамоат баргузор шавад, ба шарти он ки ҳамроҳ бо расидагӣ ба бенавоён ва дуо ба бандагони Худо бошад.  

Касе, ки намоз ме‏хонад гӯё дасташро дар дасти Худо ме‏гузорд ва ресмони маҳкамеро мегирад. Ва касе, ки ресмони маҳками Илоҳиро гирифта ва дасташро дар дасти қудрати Худо гузошта, бар ҳар мушкиле пирӯз мешавад.  Қуръони Карим мефармояд: Аз сабр ва намоз ёрӣ биҷӯед. Сураи Бақара, ояти 45.  

Ҳар гоҳ барои Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва Олиҳ) ва ё пешвоёни дин мушкиле пеш меомад, онон ба намоз паноҳ ме‏бурданд ва аз намоз ва ёди Худо кӯмак мегирифтанд.  

Намоз ба қадре муҳим аст, ки Имом Ҳусейн (Дуруди Худо бар ӯ бод) зӯҳри ошуро дар майдони набард ва дар баробари тирборони душман, онро раҳо накард ва дар аввали вақт ва ба ҷамоат хонд.  

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст