چاپ

Сураи Набаъ


Ин сура дар Макка нозил шуда ва дорои 40 оят аст.


Ба номи Худованди бахшандаи бахшоишгар

1 Онҳо аз чӣ чиз аз якдигар савол мекунанд?!


2 Аз хабари бузург ва пур аҳамияти растохез!


3 Ҳамон хабаре, ки ҳамеша дар он ихтилоф доранд.


4 На чунин нест, (ки онҳо фикр мекунанд) ба зудӣ мефаҳманд.


5 Бозҳам чунин нест, (ки онҳо мепиндоранд) ба зудӣ мефаҳманд, (ки қиёмат ҳақ аст).

6 Оё заминро маҳалли оромиши (шумо) қарор надодем?!

7 Ва кӯҳҳоро мехҳои замин?!

8 Ва шуморо ба сурати ҷуфт (зану мард) офаридем.

9 Ва хоби шуморо сабаби оромишатон қарор додем.

10 Ва шабро вақти истироҳат (барои шумо)

11 Ва рӯзро замони касб

12 Ва бар болои шумо ҳафт (осмони) муҳкам бино кардем.

13 Ва офтобро чароғи равшан  ва ҳарорат бахш офаридем.

14 Ва аз абрҳои боронзо оби фаровон нозил кардем.

15 То бо он дона ва гиёҳи бисёр бирӯёнем.

16 Ва боғҳои пурдарахт.

17 Ҳатман рӯзи ҷӯдоӣ, ваъдаи ҳамагон аст.

18 Рӯзе, ки дар он (сӯр) дамида мешавад ва шумо гурӯҳ гурӯҳ (ба маҳшар) меоед.

19 Ва осмон кушода мешавад, ва ба сурати дарҳои зиёд дармеояд.

20 Ва кӯҳҳо ба ҳаракат меоянд ва ба сурати саробе мешаванд.

21 Ҳатман (дар он рӯз) ҷаҳаннам камингоҳе аст бузург.

22 Ва маҳалли бозгашт, барои саркашон.

23 Замони тӯлонӣ дар он мемонанд.

24 Дар онҷо на чизи хунуке менӯшанд ва на нӯшидании гӯворое.

25 Ҷӯз оби сӯзон ва чирк.

26 Ин муҷозоте аст, мувофиқ ва муносиби (аъмолашон)

27 Чаро, ки онҳо ҳеҷ умеде ба ҳисоби рӯзи қиёмат  надоштанд.

28 Ва оёти моро ба куллӣ такзиб карданд.

29 Ва мо ҳамаи чизро шӯмориш ва сабт кардем.

30 Пас бичашед, ки чизе ҷӯз азоб бар шумо намеафзоем!

31 Ҳатман барои парҳезкорон наҷот ва пирӯзии бузурге аст.

32 Боғҳои сарсабз ва анвоъи ангӯрҳо.

33 Ва Ҳӯриёни бисёр ҷавон ва ҳамсину сол.

34 Ва ҷомҳои лабрез ва паёпай аз шароби таҳӯр, ки мисли шароби дунё мастӣ ва беҳушӣ намеорад.

35 Дар онҷо на сухани лағв ва беҳӯдае мешунаванд ва на дурӯғе.

36 Ин подоше аст аз сўи Парвардигорат ва бахшише аст басанда.

37 Ҳамон Парвардигори осмонҳо ва замин ва ончи дар миёни он ду аст. Парвардигори Раҳмон (Дар он рӯз) ҳеҷ касе ҳақ надорад бе иҷозаи ӯ сӯхане бигӯяд (ё шафоъате кунад)

38 Рӯзе, ки Ҷабраил ва дигар фариштагон  дар як саф меистанд ва ҳеҷ як ҷӯз ба иҷозаи Худованди Раҳмон сӯхан намегуянд ва (онгоҳ, ки мегӯянд) дуруст мегӯянд.

39 Он рӯз ҳақ аст, ҳар кас бихоҳад роҳе ба сӯи Парвардигораш бар мегузинад.

40 Ва мо шуморо аз азоби наздике бим додем; Ин азоб дар рӯз хоҳад буд, ки инсон ончи, ки аз қабл бо дастҳои худ фиристода аст мебинад ва кофар мегўяд: Эӣ кош хок будам (ва гирифтори азоб намешудам)!

زیر مجموعه: Маориф
بازدید: 2109