Мухтасаре аз аҳодис дар мавриди охират пешкаши шумо.

  • ØБартарии охират

قال رسول الله: ما أخَذَت الدُّنْيا مِن الآخِرة إلاّ كَما أخَذَ المِخْيَطُ ـ غُرِسَ في البَحْر ـ مِن مائِه. (معجم الكبير)

Дунё аз охират чизе намегирад ба ҷуз ба андозаи сузане, ки дар дарё фурӯ баранд ва аз оби он гиранд.

  • ØОхират хонаи ҳамешагист.

قال رسول الله: يا عَجَبا كُلَّ العَجَب لِلْمُصَدِّق بِدار الخُلُود وَهُو يَسْعى لِدار الغُرُورِ. (الدرالمنثور)

Тааҷҷуб дар ин аст, ки касе хонаи ҷовидро (охиратро) бовар дорад, аммо барои хонаи ғурур (дунё) талош мекунанд.

Он чи сабаби бузургӣ дар охират мешавад.

قال رسول الله: مَن يَشْتَهِ كَرامَة الآخِرة يَدَعُ زينَةَ الدُّنيا. (كنزالعمّال)

Ҳар кас дар охират ба бузургӣ алоқаманд бошад, зиннати дунёро раҳо мекунад.

  • ØОн чи сазовори аҳли охират нест

قال رسول الله: الدُّنْيا حَرامٌ عَلى أهْل الآخِرة و الآخِرةُ حَرامٌ عَلى أهْل الدُّنْيا و الدُّنْيا و الآخِرة حَرامٌ عَلى أهْل اللّه‏. (كشف الخفاء)

Дунё бар аҳли охират ва охират бар ахли дунё ҳаром аст ва дунёву охират ҳарду бар аҳли Худо ҳаром аст.

  • Ø Сарзаниши охиратфурӯшон

قال رسول الله: مِن أسْوَء النّاس مَن أذْهَبَ آخِرَتَه بِدُنْيا غَيرِه. (كنزالعمّال)

Касе, ки охираташро барои дунёи дигарон нобуд кунад аз бадтарини мардум аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст