Дар бораи ҳифз кардани Қуръони карим ҳадисҳои зиёде аз Паёмбари Худо (с) ривоят шудааст, ба гунае, ки инсони муъминро водор месозад то Қуръон ва ё сураҳое аз онро ҳифз дошта бошад, зеро мусалмоне, ки чизе аз Қуръонро азбар надошта бошад монанди хонаи вайрон аст, ки аз он ҳеҷ суде нест. Аз ибни Аббос (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) мефармояд: «Касе, ки чизе аз Қуръонро ҳифз накардааст, монанди хонаи вайрона аст».

Ва боз дар ривояти дигар Паёмбари Худо (с) фармуданд:

«Аҳли Қуръонро рӯзи қиёмат меоваранд ва Қуръон мегӯяд: Парвардигоро! Ба ӯ подоши нек бидеҳ. Сипас тоҷи каромат бар сари ӯ гузошта мешавад. Пас он Қуръон мегӯяд: Парвардигоро барои ӯ бештар фармо. Сипас ҷоизаи каромат ба ӯ дода мешавад. Қуръон боз ҳам мегӯяд: Парвардигоро аз ӯ хушнӯд шав. Худованд низ аз ҳофизи Қуръон хушнуд мешавад ва ба ӯ гуфта мешавад: Қуръонро бо сӯзи дил қироат кун! Ба хотири ҳар ояте, ки мехонад, хайру неъмат барояш афзун мегардад».

Дар ривояти дигар омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳар кас, ки Қуръонро бихонад ва онро ба дигарон таълим диҳад ва ба он амал кунад, рӯзи қиёмат тоҷе аз нур бар сари ӯ ниҳода мешавад, ки дурахшиши он монанди нури офтоб аст, ва бар тани падару модараш хилъате пушонида мешавад, ки аз ҳамаи дунё боарзиштара аст. Онҳо мегӯянд ба хотири чи ин хилъатҳоро ба мо пушонидаед? Гуфта мешавад: бинобар он ки фарзанди шумо аҳли Қуръон буд»

Дар поён ҳамон гуфтаи ибни Масъудро ёдовар мешавем, ки инчунин баён кардаанд:

«Холитарин хона аз хайру баракат ҳамон хонаест, ки чизе аз Қуръон (яъне аз қироат ва ҳифзи он) дар он хона вуҷуд надошта бошад».

Tojikon.orgTojikon.org

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст