Дар дунёи имрӯза бисёре бо ҳар роҳҳе, ки шуда мехоҳанд дар байни мардум маҳбуб шаванд ва дар байни онҳо қимат ва қадре пайдо кунанд. Аммо Худованд дар Қуръони Карим роҳи маҳбуб шудан дар байни мардумро ингуна баён карда аст:

إِنَّ الَّذينَ آمَنُوا وَ عَمِلُوا الصَّالِحاتِ سَيَجْعَلُ لَهُمُ الرَّحْمنُ وُدًّا[1]

“Бетардид касоне, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом медиҳанд (Худои) Раҳмон ба зуди барои онон муҳаббате (дар дилҳо) қарор хоҳад дод.”

Калимаи “вудд” ва “маваддат” ба маънои муҳаббат аст. Ин ояти шарифа ваъдаҳои зебо аз ноҳияи Худои Мутаол аст ба касоне, ки имон оварад ва амали солеҳ мекунанд, ки ба зуди муҳаббатҳоро дар дилҳо қарор медиҳад. Ҳамонгуна, ки дар оят намоён аст ин башоратро муфид ва қайде накарда аст аз инру далиле надорад, ки мо онро мунҳасир ба фарди хоссе кунем ва ё онро марбут ба биҳишт ё қалбҳои ҳамаи мардум дар дунё ва бо муқаяд ба қайдҳои дигаре кунем.[2]

Ба иборати дигар оят мутлақ аст ва паёмаш ин аст ҳар кас аҳли имон ва анҷоми амали солеҳ бошад, Худованд муҳаббатро дар дили дигарон андохта ва ӯ бидуни инки қадаме дар ин ҷиҳат бардошта бошад маҳбуби дигарон мешавад. Дар ҳадисе аз Расули Худо(с) аст ки чунин мефармояд:

“Ҳангоме, ки Худвоанд касе аз бандагонашро дуст дорад ба фариштаи бузургаш Ҷабраил мегуяд ман фалон касро дуст дорам ӯро дуст бидор! Ҷабраил ҳам ӯро дуст хоҳад дошт. Сипас адр осмонҳо нидо медиҳад, ки эй осмон! Худованд фалон касро дуст дорад ӯро дуст бидоред! Ки ба дунболи он, ҳамаи аҳли осмон ӯро дуст медоранд; онгоҳ пазириши ин муҳаббат дар замин низ мунакис мешавад.

Ва ҳангоме, ки Худвоанд касеро душман бидорад ба Ҷабраил мегуяд ман аз ӯ мутанаффирам, ӯро душман бидор! Ҷабраил ҳам ӯро душман медорад. Сипас дар миёни аҳли осмонҳо нидо медиҳад, ки Худованд аз ӯ мутанаффир аст ӯро душман доред! Ҳамаи аҳли осмонҳо аз ӯ мутанаффир мешаванд; онгоҳ ин танаффур дар замин низ мунакис мешавад.”[3]

[1] Сураи Марям, ояти 96.

[2] Тафсири Алмизон, ҷ 14, саҳ 113.

[3] Тафсири Намуна, ҷ 13, саҳ 146.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст