Қуръон китобе аст, ки муҳтавои баланду ҷомеи он ҳатто ғайри мусулмононро низ шигифтзада намуда аст ба гунае, ки Макс Манин, шарқшиноси муосир мегуяд: “Қуръон танҳо як китоби дини нест, балки китоби ахлоқ ва усули сиёсат ва иҷтимоъ ва роҳнамоии рӯзмарраи инсони мебошад.”

Шинохт ва маърифат ба чигунагии Қуръон ҳосил намешавад магар бо тадаббур ва тааммул дар оёти Қуръон, бо зиндаги кардан бо Қуръон ва маънус будан бо он, агар бихоҳем бидонем ки Қуръон чигуан китобе аст беҳтарин муаррифи он худаш мебошад.

Китобе аз сӯи Худованди алим ва ҳаким:

« وَإِنَّک لَتُلَقَّى الْقُرْآنَ مِن لَّدُنْ حَکیمٍ[1]

“Ба яқин ин Қуръон аз сӯи ҳаким ва доное бар ту илқо мешавад.”

Китобе аст, ки муъминин мужда ва ба кофирон инзор медиҳад:

إِنَّ هَذَا الْقُرْآنَ یِهْدِی لِلَّتِی هِیَ أَقْوَمُ وَیُبَشِّرُ الْمُۆْمِنِینَ الَّذِینَ یَعْمَلُونَ الصَّالِحَاتِ أَنَّ لَهُمْ أَجْرًا کبِیرًا * وأَنَّ الَّذِینَ لاَ یُۆْمِنُونَ بِالآخِرَةِ أَعْتَدْنَا لَهُمْ عَذَابًا أَلِیمًا[2]

“Ин Қуръон, ба роҳе ки устувортарини роҳҳост, ҳидоят мекунад; ва ба муъминоне ки аъмоли солеҳ анҷом медиҳанд, башорат медиҳад ки барои онҳо подоши бузурге аст. Ва инки онҳо ки ба рӯзи қиёмат имон намеоваранд, азоби дардноку барои онон омода сохтаем.”

Китобе ки барои аҳли имон мавҷиби шифо ва раҳмат ва барои золимон мавҷиби зиёд шудани хусрон аст:

وَنُنَزِّلُ مِنَ الْقُرْآنِ مَا هُوَ شِفَاء وَرَحْمَةٌ لِّلْمُۆْمِنِینَ وَلاَ یَزِیدُ الظَّالِمِینَ إَلاَّ خَسَارًا»[3]

“Ва аз Қуръон, ончи шифо ва раҳмат аст барои муъминон, нозил мекунем; ва ситамгаронро ҷуз хусрон (ва зиён) намеафзояд.”

Китобе ки аҳли тақво ба василаи он ҳидоят мешванд:

ذَلِک الْکتَابُ لاَ رَیْبَ فِیهِ هُدًى لِّلْمُتَّقِینَ[4]

“Он китоб бо азамате аст ки шакке дар он роҳ надорад ва мояи ҳидояти парҳезкорон аст.”

Китобе ки тасдиқкунандаи китобҳои осмонии пешин аст:

نَزَّلَ عَلَیْک الْکتَابَ بِالْحَقِّ مُصَدِّقًا لِّمَا بَیْنَ یَدَیْهِ وَأَنزَلَ التَّوْرَاةَ وَالإِنجِیلَ[5]

“(Ҳамон касе ки) китобро баҳаққ бар ту нозил кард, ки бо нишонаҳои китобҳои пешин, мунтабиқ аст ва Таврот ва Инҷилро.”

Китобе ки саросар ҳикмат аст:

الر تِلْک آیَاتُ الْکتَابِ الْحَکیمِ[6]

“Алиф лом ро, ин оёти китоб устувор ва ҳикматомез аст!”

Китобе ки ба шарҳи инсон пардохта аст:

لَقَدْ أَنزَلْنَا إِلَیْکمْ کتَابًا فِیهِ ذِکرُکمْ أَفَلَا[7]

“Мо бар шумо китобе нозил кардем ки василаи тазаккур (ва бедории) шумо дар он аст! Оё намефаҳмед?!”

Китобе ки роҳи ҳалли ихтилофот дар он аст ва ҳидояткунанда ва раҳмат аст:

وَمَا أَنزَلْنَا عَلَیْک الْکتَابَ إِلاَّ لِتُبَیِّنَ لَهُمُ الَّذِی اخْتَلَفُواْ فِیهِ وَهُدًى وَرَحْمَةً لِّقَوْمٍ یُۆْمِنُونَ»[8]

“Мо Қуръонро бар ту нозил накардем магар барои инки ончиро дар он ихтилоф доранд, барои онҳо равшан куни ва (ин Қуръон) мояи ҳидоят ва раҳмат аст барои қавме ки имон меоваранд.”

Ҳарчи барои ҳидояти башар лозим аст, дар он баён шуда аст:

وَیَوْمَ نَبْعَثُ فِی کلِّ أُمَّةٍ شَهِیدًا عَلَیْهِم مِّنْ أَنفُسِهِمْ وَجِئْنَا بِک شَهِیدًا عَلَى هَۆُلاء وَنَزَّلْنَا عَلَیْک الْکتَابَ تِبْیَانًا لِّکلِّ شَیْءٍ وَهُدًى وَرَحْمَةً وَبُشْرَى لِلْمُسْلِمِینَ[9]

“(Ба ёд оваред) рӯзеро ки аз ҳар уммате, гувоҳе аз худашон бар онҳо бармеангезам ва туро гувоҳ бар онон қарор медиҳем! Ва мо ин китобро бар ту нозил кардем ки баёнгари ҳама чиз ва мояи ҳидоят ва раҳмат ва башорат барои мусулмонон аст!”



[1] Сураи Намл, ояти 6.

[2] Сураи Исро, оёти 9 ва 10.

[3] Сураи Исро, ояти 82.

[4] Сураи Бақара, ояти 2.

[5] Оли Имрон, ояти 3.

[6] Сураи Юнус, ояти 1.

[7] Сураи Анбиё, ояти 10.

[8] Сураи Наҳл, ояти 64.

[9] Сураи Наҳл, ояти 89.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст