Дар Маркази фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон бори нахуст 30 қисмат аз китоби Қуръони Карим ба забони тоҷикӣ бо шакли манзум ба нашр расид.

Бино ба иттилои агентии иттилоотии эронии Ahlulbayt, барои нашри 30 қисмати китоби Қуръон таҳти унвони «Қуръоннома» аз Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ иҷозати расмӣ гирифта шудааст. Муаллифи тарҷума эронӣ Умед Маҷид мебошад, ки китобҳои муқаддаси «Наҳҷ-ул балоға» ва «Саҳифаи Саҷадия»-ро низ бо шакли манзум ба забони тоҷикӣ таҳия кардааст.

Ҳарчанд дар Маркази фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон ва дар Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин бора ҳеҷ шарҳе пешниҳод накарданд, вале дар сомонаи иттилоотии эронӣ зикр мегардад, ки тарҷумаи китоби Қуръон пас аз омӯзиши даҳҳо ҳазор саҳифаҳо оид ба мазҳабҳои сунниву шиа анҷом пазируфтааст. Гуфта мешавад, тарҷума аз ҷониби Шӯрои мутарҷимони Қуръон тасдиқ шудааст.

Муддати чандин сол аст, ки дар Тоҷикистон китоби Қуръон ба забони тоҷикӣ чоп мешавад, вале ба шакли наср, на манзум. Ҳамчунин дар Google Play метавон замимаи ройгони «Quroni Karim»-ро дастрас намуд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст