Ҳар сураи он танини ишқ асту баҳор,

Ҳар ҷо қасами замину лайл асту наҳор.

Роҳест фаросуи башар то ба Худо,

Қуръон ки оромиши рӯҳ асту қарор.

Ҳар қатра к-аз осмон чакида борон шуда аст,

Ҳар руд ба номи ӯ хурушон шуда аст.

Ҳар ояти сабзу равшанашро хондам,

Руҳам чи аҷиб аҷини Қуръон шуда буд.

Эй нуру китоби осмонӣ, Қуръон,

Эй рӯҳу фуруғи зиндагонӣ, Қуръон.

Хондам зи ту ин баҳорро аз тавҳид,

Эй ҳар чи карон зи бекаронӣ, Қуръон.

Маҳдия Басири

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст