Тарҷумаи манзуми

сураи “Бақара”

Оятҳои 1-5

Ба номи Худое кунам ибтидо,

Ки раҳмат кунад, ҷумла мавҷудро.

Бувад соҳиби раҳмати хос низ,

Басе омилонро намояд азиз.

Бувад ибтидояш Алиф, лом, мим

Надонад варо ҷуз Ҳакими Алим(1)

Бувад он китобе, ки холӣ зи райб

Ҳидоятгари муттақин аст ба ғайб

Ки бояд бидонанд, к-андар вуҷуд

Ҳақиқат ду қисм аст, ғайбу шуҳуд(2)

Дари ғайби ҳақро зи рӯи ниёз

Зананду гузоранд барпо намоз

В-аз ончи ки рӯзӣ диҳем баҳрашон

Кунанд харҷ аз баҳри ҳамнавъашон(3)

Ҳам имону инфоқу розу ниёз

Барои расидан ба қурбу фароз

Ба маҳдудаи ончи нозил шуда

Ба ту аз Худованду комил шуда

Ҳам ончи ки нозил шуда қабли ту

Пазируфтаанд мӯъминони наку

Аз ин рӯ ҳамеша ба рӯзи пасин

Расанду биёбанд инҷо яқин(4)

Ба ҳақ ин ҳидоят зи Парвардигор

Ки аҳли наҷотанду ҳам растагор

Фақат ин гуруҳ аст аҳли наҷот

Хушо растагориву неку ҳаёт.(5)

С. М.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст