چاپ

Барои ҳамагон маълум аст, ки “шариат” яъне муқаррарот ва аҳкоми исломӣ бар асоси як силсила ҳақоиқ ва маслиҳатҳо. Фақеҳон маъмулан ин маслиҳатҳоро ба умуре тафсир мекунанд, ки инсонро ба саодат мерасонад. Масалан намоз, як ҳукми исломӣ бар асоси маслиҳате аст, ки дар он нуҳуфта. Шореъ дар намоз маслиҳате гузошта, ки мусулмон бо адои намоз, ба он маслиҳат ва фоида даст меёбад ва саодатманд мегардад.

Аммо орифон мӯътақид ҳастанд, ки ҳамаи роҳҳо ба сӯи Худо поён меёбад ва ҳамаи маслиҳатҳо ва ҳақоиқ, аз навъи шароит, имконот, васоил ва асбобе аст, ки инсонро ба сӯи Худо меронад.

Фақеҳон ҳамин қадр мегӯянд, ки дар зери пардаи шариат (яъне аҳком ва муқаррарот) як силсила масолеҳ нуҳуфта аст ва он масолеҳ ба манзилаи иллат ва руҳи шариат ба шумор мераванд. Танҳо василаи найл ба он масолеҳ, амал ба шариат аст. Аммо орифону сӯфиҳо мӯътақиданд, ки масолеҳу ҳақоиқе, ки дар аҳком нуҳуфта аст, аз навъи манозил ва мароҳилест, ки инсонро ба мақоми қурби илоҳӣ ва вусул ба ҳақиқат меронад.

Орифону сӯфиҳо мӯътақид ҳастанд, ки ботини шариат роҳ аст ва онро “тариқат” мехонанд ва поёни ин роҳ “ҳақиқат” аст, яъне ҳамон тавҳиде, ки қаблан ба он ишора шуд, ки пас аз фанои ориф аз худ, ҳосил меёбад. Ин аст, ки ориф ба се чиз мӯътақид аст: шариат, тариқат, ҳақиқат. Ӯ мӯътақид аст, ки шариат, васила ё пӯстлохест барои тариқат ва тариқат, пӯстлох ё василаест барои ҳақиқат.

Мояҳои ирфону тасаввуф

Баъзе аз касоне, ки бо ирфону тасаввуф миёнаи хубе надоранд ва ё онро хуб нафаҳмидаанд ва иддаои пайравӣ аз салафи солеҳро ҳам доранд, мегӯянд: Ислом дини сода ва умумифаҳм ва холӣ аз ҳаргуна рамзу матолиби печида ва ғайри мафҳум аст. Асоси эътиқодии Ислом иборат аст аз тавҳид. Тавҳиди исломӣ низ хеле сода аст. Зеро аввалан, ҳамчунон ки масалан хона созандае дорад ҷудо аз худ, чаҳон низ созандае дорад ҷудо ва мунфасил аз худ ва ӯ ҷуз Худо нест. Сониян, ин созандаи ҷаҳон, дар зот, сифот ва асмои худ ягона аст ва монанду назире надорад. Ташбеҳи Ӯ ба махлуқоташ ҳам ширк аст.

Аз сӯи дигар, асоси робитаи инсон бо матоъҳои ҷаҳон аз назари Ислом зуҳд аст. Зуҳд яъне рӯй гардондан аз матоъҳои фонии дунё барои вусул ва расидан ба неъматҳои ҷовидони охират.

Аз инҳо, ки бигузарем, ба як силсила муқаррароти содаи амалӣ мерасем, ки фиқҳ ӯҳдадори онҳост аз қабили намоз, рӯза, ҳаҷ ва ғайра. Ислом ҷуз инҳо нест.

Аз назари инҳо, он чи орифон ва сӯфиҳо ба номи тавҳид гуфтаанд, матлабест ғайр аз тавҳиди исломӣ. Зеро тавҳиди орифон иборат аст аз ваҳдати вуҷуд, яъне ин ки ҷуз Худо, шуун, асмо, сифот ва таҷаллиёти Ӯ чизе вуҷуд надорад.

Сайру сулуки ирфонӣ низ ғайр аз зуҳди исломӣ аст, зеро дар сайру сулук як силсила маонӣ ва мафоҳим тарҳ мешавад аз қабили ишқ ва муҳаббати Худо, фанои дар Худо, таҷалии Худо бар қалби ориф, ки дар зуҳди исломӣ матраҳ нест.

Тариқати ирфонӣ низ амрест ғайр аз шариати исломӣ, зеро дар одоби тариқат, масоиле тарҳ мешавад, ки фиқҳ аз онҳо бехабар аст.

Аз назари инҳо, некони саҳобаи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), ки орифону сӯфиҳо худро ба онҳо нисбат медиҳанд ва онҳоро пешрави худ медонанд, зоҳидоне беш набудаанд. Руҳи онҳо аз сайру сулуки ирфонӣ ва аз тавҳиди ирфонӣ бехабар будааст. Онҳо мардуме будаанд рӯйбартофта аз матои дунё ва мутаваҷҷеҳ ба олами охират. Асли ҳоким бар руҳи онҳо хавфу раҷо буда. Хавф аз азоби дӯзах ва раҷо ва умедворӣ ба савобҳои биҳиштӣ.[1]

Дар посух бояд ба инҳо гуфт: Аввалан умумифаҳм ва холӣ аз ҳаргуна рамзу матолиби печида ва ғайри мафҳум будани Ислом ва ин ки барои ҳар касе, ҳарчанд аз илму дониш баҳрае надошта бошад, фаҳми таолими он саҳлу осон аст, аз як назар мавриди қабули ҳамагон аст ва ҳатто орифону сӯфиҳо ҳам инро қабул доранд. Аммо аз назари дигар, чунин ҳам нест, ки Ислом дар ҳамин ҳад истода бошад.

Яке аз вижагиҳои таолим ва омӯзаҳои исломӣ, ки онро аз дигар оину динҳо ҷудо мекунад ин аст, ки ҳар табақае дар хӯри андозаи худ аз фаҳму дониш ва ё аз мартабаи руҳӣ ва маънавӣ, ки дорад, аз онҳо истифода мекунад. Аз як оят ва ё як ривоят, фаҳми ду табақа аз мардум, ба як гуна нест. Яъне чунин нест, ки аз як оят ва ё як ҳадиси набавӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), як нафар донишманд ҳамонро фаҳм кунад, ки як нафар чӯпон аз он фаҳм менамояд. Ё аз як оят ва ё як ривоят, як нафар худсохта ва касе, ки дар маънавият ба дараҷоте аз камол расидааст, ҳамонро фаҳм кунад, ки як нафар шахси оддӣ фаҳм мекунад.

Аз ин рӯ, чи басо он чи аз маориф, ки як нафар донишманд фаҳмидааст, агар онро ба забон ҷорӣ созад ва ё китобат намояд, ба назари як нафар оммӣ, печида ва ғайри мафҳум ҷилва кунад. Ё чи басо он чи аз ҳақоиқ, ки як нафар орифи вораста дар натиҷаи сайру сулук ба онҳо расидааст, агар онро ба забон ҷорӣ кунад, ба назари як нафар шахсе, ки қадаме дар сайру сулук набардоштааст, на танҳо печида ва ғайри мафҳум, балки навъе куфру илҳод намоён шавад.

Орифону сӯфиҳо ин нуктаро хуб дарк мекарданд. Аз ин рӯст, ки шадидан аз фош сохтани асрори худ барои бегонагон парҳез менамуданд ва муридони худро ҳам аз фош кардани асрор барои ғайри аҳлаш барҳазар менамуданд.

Ин ки Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мефармоянд “Бо мардум ба андозаи фикру андешаҳояшон сухан гӯед”, ба ин маъност, ки эй ориф ва эй сӯфӣ ва ё эй файласуф, он чиро аз маорифи исломӣ, ки фаҳмидӣ, мабодо пеши як нафар чӯпон ва ё як нафар, ки аз ин маонӣ баҳрае надорад рафта ва ҳамаро фош созӣ. Ӯ, ки намефаҳмад, агар барояш ин асрорро ошкор кунӣ, чи басо туро ба куфру илҳод нисбат диҳад.

Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки ин гурӯҳ аз мусулмонон, ки беҷиҳат худро пайрави салафи солеҳ мехонанд, чун аз ин маонӣ баҳрае надоранд ва қадаме дар водии ирфону тасаввуф нагузоштаанд, фикр мекунанд, ки Ислом ҳамон аст, ки онҳо мефаҳманд. Ҳар чи ҳам, ки орифону сӯфиҳо матраҳ мекунанд, ба назарашон печида ва ғайри мафҳум менамояд.

Албатта тақсиру кӯтоҳие надоранд, чун намефаҳманд. Бинобар ин аз ин ҷиҳат маъзуранд. Аммо кори оқил ин нест, ки ҳар чиро, ки нафаҳмад, онро инкор кунад. Инсоф ин аст, ки ақаллан бигӯяд ман намефаҳмам. Вале мутаассифона ин гурӯҳи бехирад, ҳамин андоза аз инсофро ҳам риоят намекунанд.

Сониян: мояҳои аввалияи таълимоти исломӣ басе ғанитар аст аз он чи ин гурӯҳ, ба нодонӣ ва ё бар қасд фарз мекунанд. На тавҳиди исломӣ ба он содагӣ ва бемуҳтавоист, ки инҳо фарз кардаанд ва на маънавияти инсон дар Ислом маҳдуд ба зуҳди хушк аст ва на некони саҳобаи Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) он чунон будаанд, ки тавсиф шуд ва на одоби исломӣ маҳдуд аст ба аъмоли ҷавореҳу аъзо.

Касе, ки бо маориф ва таълимоти исломӣ ошно бошад, ҳеҷ шакке барояш боқӣ намемонад, ки Ислом як силсила маорифи амиқ дорад, ки метавонад илҳомбахши орифону сӯфиҳо дар мавриди ирфони назарӣ ва амалӣ бошад.

Мояҳои қуръонӣ:

Қуръони Карим дар боби тавҳид, он ҷо ки Худоро холиқ ва офаринандаи ҷаҳон муаррифӣ мекунад, дар ҳамон ҳол мегӯяд зоти муқаддаси Ӯ дар ҳама ҷо ва бо ҳама чиз ҳаст:

فَأَيْنَمَا تُوَلُّواْ فَثَمَّ وَجْهُ اللّهِ

Ба ҳар тараф рӯ кунед, чеҳари Худо он ҷост.[2]

وَنَحْنُ أَقْرَبُ إِلَيْهِ مِنكُمْ

Мо аз шумо ба ӯ (яъне маййит) наздиктарем.[3]

هُوَ الْأَوَّلُ وَالْآخِرُ وَالظَّاهِرُ وَالْبَاطِنُ

Аввали ҳамаи ашё Худост ва охири ҳама Ӯст (аз Ӯ оғоз ёфтаанд ва ба Ӯ поён меёбанд), зоҳир ва ҳувайдо Ӯст ва дар ҳамон ҳол ботин ва нопайдо Ӯст.[4]

Ҳамчунин оятҳои дигаре ба ҳамин мазмунҳо ҳаст. Равшан аст, ки ин гуна оятҳо, афкор ва андешаҳоро ба сӯи тавҳиди бартар ва олитар аз тавҳиди авом мехондааст. Дар ҳадис аст, ки Худованд медонист, ки дар охири замон мардумоне амиқ дар тавҳид зуҳур мекунанд, аз ин рӯ оятҳои аввали сураи Ҳадид ва сураи “Қул ҳуваллоҳу аҳад”‒ро нозил фармуд.[5]

Дар мавриди сайру сулук ва тайи мароҳили қурби Ҳақ то охирин манозил, кофист, ки бархе оятҳои марбут ба “лиқоуллоҳ” ва оятҳои марбут ба ваҳй, илҳом ва муколимаи фариштагон бо ғайри паёмбарон (масалан ҳазрати Марям) ва махсусан оятҳои меъроҷи Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)‒ро мавриди назар қарор диҳем.

Дар Қуръон сухан аз нафси аммора,[6] нафси лаввома[7] ва нафси мутмаинна[8] омадааст, сухан аз илми ифозӣ ва ладуннӣ[9] ва ҳидоятҳои маҳсули муҷоҳида омадааст:

وَالَّذِينَ جَاهَدُوا فِينَا لَنَهْدِيَنَّهُمْ سُبُلَنَا

Касоне, ки дар (роҳи) Мо муҷоҳида кунанд, ҳар оина бар рӯяшон роҳҳоямонро боз хоҳем намуд.[10]

Дар Қуръон аз тазкияи нафс ба унвони ягона сабаби растгорӣ ёд шудааст:

قَدْ أَفْلَحَ مَن زَكَّاهَا. وَقَدْ خَابَ مَن دَسَّاهَا.

Ба дурустӣ растгор шуд касе, ки нафсро тазкия ва пок гардонид ва ба ростӣ ноумед ва бебаҳра шуд касе, ки нафсро олуда (ба гуноҳон) намуд.[11]

Дар Қуръон ба такрор аз муҳаббати илоҳии болотар аз ҳамаи муҳаббатҳо ва алоқаҳои инсонӣ ёд шудааст.[12] Қуръон аз тасбеҳу ситоиши тамоми зарраҳои ҷаҳон сухан гуфтааст ва ба таъбире аз он ёд карда, ки мафҳумаш ин аст, ки агар шумо инсонҳо тафаққуҳи худро комил кунед, он тасбеҳҳо ва ситоишҳоро дарк мекунед.[13] Ба илова, Қуръон дар мавриди сиришти инсон масъалаи нафхаи илоҳиро матраҳ кардааст.[14]

Инҳо ва ғайри инҳо кофӣ буда, ки илҳомбахши маънавияти азим ва густарда дар мавриди Худо, ҷаҳон, инсон ва хусусан дар мавриди робитаҳои инсону Худо бишавад.

Албатта сухан дар ин нест, ки орифон ва сӯфиҳо аз ин сармояҳо то чӣ ҳад тавонистанд баҳрабардорӣ намоянд. Сухан дар бораи изҳори назарҳои баъзе аз ҷоҳилон, ки иддаои пайравӣ аз салафи солеҳро ҳам доранд мебошад, ки мехоҳанд Исломро аз назари маънавият, бемуҳтаво муаррифӣ намоянд. Сухан дар бораи сармояи азиме дар матни Ислом аст, ки метавониста илҳомбахши хубе дар ҷаҳони Ислом бошад.

кимиёи саодат


[1] ‒ Барои ошноии бештар бо дидгоҳҳои ин гурӯҳ аз мусулмонон, ба китобҳои Ибни Таймия ва хусусан китобҳои “Ар‒рад ало Ибн ал‒Арабӣ” ва “Аз‒зуҳд вал‒вараъ вал‒ибода” руҷӯъ шавад.

[2] ‒ Сураи Бақара, ояти 115.

[3] ‒ Сураи Воқеа, ояти 85.

[4] ‒ Сураи Ҳадид, ояти 3.

[5] ‒ Муроҷеа шавад ба китоби Куллиёти улуми исломӣ, бахши ирфон, Муртазо Мутаҳҳарӣ, саҳ.217.

[6] ‒ Сураи Юсуф, ояти 53.

[7] ‒ Сураи Қиёмат, ояти 2.

[8] ‒ Сураи Фаҷр, ояти 27.

[9] ‒ Сураи Каҳф, ояти 65.

[10] ‒ Сураи Анкабут, ояти 69.

[11] ‒ Сураи Шамс, оятҳои 9 ва 10.

[12] ‒ Сураи Бақара, ояти 165.

[13] ‒ Сураи Исро, ояти 44.

[14] ‒ Сураи Ҳиҷр, ояти 29.

زیر مجموعه: Маориф
بازدید: 2919