Маънои маънавият дар Ислом ва Масеҳият

Маънавият аз ҷумла маъноҳое аст, ки башар таваҷҷӯҳи бештареро ба он дошта аст лекин ҳамвора баҳс дар бораи манбаи маънавият ва ба иборати дигар маънавияти ҳақиқӣ ва маҷозӣ дар маҳофили мухталиф матраҳ буда аст. Дар чанд соли ахир таблиғоти маънавияти масеҳӣ боис шуда аст то гароишҳое ба ин нигоҳ ба маънои маънавият сурат гирад, ки бо таваҷҷӯҳ ба бидуни чорчуб будан ва маншаъ нагирифтани маънавияти масеҳӣ аз манбаи ваҳй муҷиби эҷоди маънавияти дуруғ ва козиб дар зеҳни бархе аз афрод шудааст, инак ин матлабро аз назар мегузаронем.

Арзиш ва эътибори маънавият дар ҳар дине нисбати мустақим бо арзиш ва эътибори он дин дорад. Манобеи дини Масеҳият дорои омузишҳои хилофи ақл аст ба тавре, ки ҳатто масеҳиён низ ба он эътироф доранд. Маънавияте, ки бихоҳад аз чунин манобее нашъат бигирад дорои инҳирофот ва гумроҳиҳои бисёре мешавад.

Ин фарқи асоси байни маънавият дар Масеҳият ва Ислом аст, яъне маънавият ба маънои суннатии он. Бо таваҷҷуҳ ба арзиши манобеи Масеҳият қобили қабул нест ва мухолиф ақл аст ва наметавонад толиби камолро ба мақсад бирасонад .Аз тарафе маънавияти имрӯзии ғарб ҳатто аз иттисоли заиф ба ваҳй маҳрум аст. Аммо маънавият дар Ислом баргирифта аз омӯзишҳо ва таълимоти ваҳёнӣ аст. Фарҳанги исломӣ ин тавр нест, ки бигӯяд як бахше аз зиндагиятон моддӣ аст ва як бахш аз он маънавӣ балки ҳамаи ҷанбаҳои зиндагӣ аз издвоҷ ва кор ва дарс хондан ҳатто гардиш рафтан ва хобидан агар ба он маънои аслии зиндагие, ки анбиё овардаанд гиреҳ бихӯрад ҳама метавонад маънавият бошад.

Маънои маънавият

Маънавият, масдари ҷаълӣ ва ба маънои маънавӣ будан аст. Маънавӣ низ дар луғатномаи Деҳхудо чунин маъно шуда аст: Ҳақиқат, рост, аслӣ, зотӣ, мутлақ, ботинӣ ва руҳӣ ва маъное, ки фақат ба василаи қалб шинохта мешавад ва забонро дар он баҳрае нест .

Гоҳе гуфта мешавад, истилоҳи маънавият аз решаи маъное дарёфт шуда аст,ки як мафҳуми метафизик дар баробари ҳисси берунӣ аст, ки ишора ба ҳақиқате аз вуҷуди зеҳнӣ дар баробари ҳақиқати берунии он дорад. Бар асоси ин забоншиносии сода, ки аз таобири отимулужики исломӣ ба маънавият махз гирифта шуда метавон маънавиятро ба руҳ мунтасаб донист, ки дар бардошти суннатӣ низ аз он ба маънои ҳақиқати дарунӣ ёд мешавад. Албатта бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки ин таъриф бар асоси тафовути аслӣ байни маънавият ва руҳоният аст ва решаи аслии он дар асл аз ин масъала аст, ки ҳақиқати чанд лоиҳае буда ва дорои ду ҷанбаи берунӣ ва дарунӣ бошад, ки ҷанбаи дуюм (буъди руҳонӣ) дар ниҳоят ба ҳақиқат воқеӣ даст меёбад. Аз он ҷо, ки вожаи маънавият дар заминаҳои гуногуне ба кор меравад таърифи он мушкил аст. Маънавият дар Масеҳият вожаи пазируфташуда барои назария ва таҳақуқи зиндагӣ дар Руҳулқуддус ё таҳақуқи мурид ва шогирдӣ аст. Ба назар мерасад имрӯза маънавият ду матлабро ба зеҳн мутабодир мекунад: аз як тараф ба руҳоният ва тақаддус ишора дорад ва аз тарафи дигар ба маънодеҳӣ ба вежа ба маънои зиндагӣ аст. Рушан аст чунин маънавият, ҳақиқат ва воқеияти мустақил аз бовар ва эътиқоди инсон нисбат ба ҷаҳони ҳастӣ надорад. Аз ин рӯ муқоисаи маънавияти масеҳӣ ва исломӣ вобаста ба шинохт ва муқоисаи ҷаҳонбинӣ ва идиюлужии ин ду дин ҳаст, ки пеши рӯи пайравони хеш тарсим менкунад.Ба иборати дигар, арзиш ва эътибори маънавият дар ҳар дин, нисбати мустақим бо арзиш ва эътибор он дин дорад, лизо дар ибтидо лозим аст, илова бар муқоисаи таолими ин адён бо якдигар ба муқоисаи арзиш ва эътибори китоби муқаддаси онҳо низ пардохта шавад то дар сояи ин муқоиса ва санҷиш, тафовути аслии онҳо дар ҳавзаи маънавият ҳам рашантар гардад. Маънавият дар суннати исломӣ вожае барои баён ҷавҳар ва ботини дини Ислом аст, ки метавон таърихи пайдоиши онро ҳамзамон бо нузули оғозини оёти Қуръони Карим бар қалби Паёмбари Ислом(с) донист.

идома дорад

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст